Афзоиши теъдоди шуҳадои Ғазза ба ҳашт ҳазор нафар то рӯзи бисту севуми ҷанг

Ба гузориши манобеи хабарӣ, бинобар эъломи Вазорати тандурустӣ дар Ғазза, дар бисту севумин рӯз аз ҷанги Ғазза, ҳамалоти режими кӯдаккуши Исроил даҳҳо кушта барҷой гузошт ва ба гуфтаи ин Вазорат шумори шуҳадои фаластинӣ ба беш аз 8000 нафар шомили ҳудуди 3200 кӯдак ва теъдоди захмиҳо ба 20000 нафар афзоиш ёфтааст.

Мошини куштори режими ҷинояткори Исроил ба муддати 23 рӯз дар Ғазза мутаваққиф нашудааст ва бомбаборонҳои маргбор, атрофи бемористони шуҳадои Ал-Ақсо дар Дайрул-Балоҳ дар маркази Ғаззаро ҳадаф қарор доданд. Неруҳои режими хуношоми саҳюнистӣ тайи ҳамалоти ҳавоӣ шадид дар саҳаргоҳи дирӯз, манотиқи мухталиферо ҳадаф қарор доданд, ки тайи он даҳҳо шаҳид ва маҷрӯҳ бар ҷой мондааст.

Гурдонҳои Алқисом – шохаи низомии ҷунбиши муқовимати исломии (Ҳамос) – эълом кард, ки дар ҳоли муқобила бо талоши ҷадиди режими кӯдаккуши Исроил барои таҳоҷум ба шимоли Ғазза аст.

Ҳамос пеш аз ин низ таъкид карда буд, ки баҳои озодии усарои режими кӯдаккуши саҳюнистӣ, озодии тамоми усарои фаластинӣ аст. Яҳё Ал-Санвар, раҳбари Ҳамос дар Ғазза низ эълом кард, ки ин ҷунбиш фавран барои тавофуқи мубодилаи усарои исроилӣ бо тамоми усарои фаластинӣ омодааст.

Дар ҳоле, ки буҳрони инсонӣ дар Ғазза рӯ ба вахомат аст, дар чанд соати гузашта, эҳёи нисбии шабакаҳои иртиботӣ ва интернити сабт шудааст.

افزایش تعداد شهدای غزه به هشت هزار نفر تا روز بیست و سوم جنگ/ احیای نسبی شبکه های ارتباطی و اینترنت در غزهАз сӯи дигар, Бенёмин Нетанёҳу, нахуст вазири режими хуношоми саҳюнистӣ гуфт, ки неруҳояш марҳалаи дуввуми ҷангро бо оғози амалиёти заминӣ оғоз кардаанд, рӯйдоде, ки рӯзи гузашта бо шикасти сангини артиши ин режим ҳамроҳ буд.

Илова бар ин Бенёмин Нетанёҳу ва дигар мақомоти режими ҷинояткори саҳюнистӣ аз идомаи музокирот дар мавриди табодули эҳтимолии усаро хабар додаанд.

Ҳамлаи зиреҳии артиши режими Исроил ба шимоли Навори Ғазза

Ба гузориши “Ал-Манор”, илова бар ин, артиши ишғолгари Исроил эълом кард, ки «дар соатҳои аввалияи шаби гузашта неруҳои заминии онҳо бо истифода аз танк ва худравҳои зиреҳӣ ба шимоли Навори Ғазза ҳамла кардаанд». Артиши кӯдаккуши Исроил ин ҳамалотро «амалиёти ҳадафманд ва мутамаркиз» тавсиф кард.

Артиши режими кӯдаккуши саҳюнистӣ иддао мекунад, ки ин таҳоҷум ба унвони «бахше аз омодасозии шароит дар минтақа барои мароҳили баъдии набард буда ва тайи он аъзои гурӯҳҳои муқовимат, ҳадаф қарор гирифтаанд ва зерсохтҳо ва сайтҳои партоби мушаки зидди танкро мунҳадим кардаанд.»

پیش نویس پیشنهادی کشور‌های عرب به سازمان ملل درباره جنگ غزه

Инҳидоми болгарди режими саҳюнистӣ тавассути неруҳои муқовимат

Гурдонҳои Алқисом низ ба навбаи худ таъйид карданд, ки як болгарди исроилӣ дар шарқи Берриҷ бо мушаки Сом-7 ҳадаф қарор гирифтааст ва артиши режими саҳюнистӣ низ таъйид кард, ки болгарди онҳо мавриди исобат қарор гирифта ва нобуд шудааст.

Ҳадаф қарор гирифтани Телавив ва бархе дигар аз манотиқи ишғолӣ тавассути гурдонҳои Алқисом ва Қудс

Бинобар гузоришҳои “Ал-Маёдин”, гурдонҳои шаҳид Изуддин Қисом рӯзи чаҳоршанбе дар вокуниш ба куштори бераҳмонаи ғайри низомиёни Исроил дар Навори Ғазза илова бар Ашдоди ишғолӣ, Телавивро чандин бор ҳадаф қарор доданд.

Ҳамчунин неруҳои ишғолгари Исроилро дар Киббут Нахал Оз, бо гулӯлаҳои хумпора ҳадаф қарор гирифтаанд ва неруҳои муқовимат як мушаки “Матбар”-ро ба самти як паҳподи исроилии «Гермес 450» дар осмони Хонюнус шиллик кард.

Гурдонҳои Қудс ҳамчунин дар посух ба куштори Ғазза, Телавивро илова бар шаҳри ишғолии Ашкелон ва шаҳракҳои “Сдерот” ва “Азр”-ро низ бо рагбори мушак ҳадаф қарор доданд.

Дар мавриди гурдонҳои муқовимати миллӣ – неруҳои шаҳид Умар Ал-Қасим, бо ду гулӯлаи хумпораи калибри сангин, тамаркузи неруҳои ишғолгарро дар шарқи Ҷохаралдик ҳадаф қарор доданд.

Расонаҳои ишғолгар гузориш доданд, ки як мушак дар Рашон Лезион суқут кард, ки бо исобати мустақим ба сохтумон мунҷар ба тахриби ду табақа аз он шуд. Канали Исроилии Кан ин мушакро аз назари бурд ва вазн сарҷнагии мушаки истисноӣ тавсиф кард.

Ин дар ҳоле аст, ки муқовимати Фаластин дар бистумин рӯз аз набарди “Тӯфони Ал-Қсо” ба партоби мушакҳои худ ба самти сарзаминҳои мухталифи Фаластин ва истиқрори низомии худ дар шаҳракҳои ишғолӣ идома медиҳад.

Пеш аз ин гурдонҳои шаҳид Изуддин Қисом эълом карда буданд, ки Ҳайфои ишғолиро бо мушаки “R 169” ва “Эйлат”- ро бо мушаки “Эяш 250” ва пойгоҳи низомии “Раим”-ро низ ҳадаф қарор додааст.

Шароити ғамангези мардуми мазлум дар Навори Ғазза

Ҳама инҳо дар буҳбуҳаи шароити ғамангези башардӯстона дар Навори Ғазза шомили камбуди ғизо, дору ва сӯхт, ва бемористонҳое, ки барои муқобила бо он талош мекунанд, рух медиҳад.

Дар ҳамин росто, Юсуф Ал-Акад, мудири бемористони аврупоӣ Ғазза, зимни таъйиди инки «тахтҳои бештари бемористонҳо пур ва вазъият фоҷиабор аст», зимни таъкид бар инки камбуди шадиди сӯхт бар кори бемористонҳо таъсир гузошта, хостори поёни ҷанг ва кушоиши гузаргоҳи Рафаҳ барои вуруди корвонҳои пизишкӣ ба он шуд.

آخرین تحولات بیستمین روز جنگ در غزه

Фаластиниён бар пайкари теъдоде аз шуҳадои Ғазза, ки дар ҷараёни куштори Ғазза тавассути режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ ба шаҳодат расиданд, азодорӣ карданд. Ваел Ал-Дахдух, хабарнигори Алҷазира яке аз онон буд, ки пас аз бомбаборон дар шомгоҳи чаҳоршанбе гузашта дар Навори Ғазза, бар сари аҷсоди аъзои хонаводааш намози миййит иқома кард. Дар баёнияе дар ин иртибот омадааст, ки шомгоҳи чаҳоршанбе 12 нафар аз аъзои онон аз ҷумла 9 кӯдак ба шаҳодат расиданд. Дар баёнияи дафтари Алҷазира омадааст: хонаводаи Ваел Ал-Дахдух аз Тал Ҳаво (шимоли Ғазза) ба урдугоҳи паноҳндагони Насирот овора шуданд, ҷое, ки онҳо мӯътақид буданд макони амне барои иқомати онҳо аст. Ин баёния меофзояд, бомбаҳои ҳамлаи ҳавоӣ артиши кӯдаккуши Исроил ба хонае, ки хонаводаи ин хабарнигор дар он сокин буданд исобат карда ва ҳамсар, писар ва духтари 8 солаи ин хабарнигор кушта шудаанд.

جنایات اسرائیل علیه بشریت در برابر چشمان جهانیان

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад