Истеҳсоли беш аз 520 ҳазор тонна нафт дар 8 моҳи аввали сол дар Узбекистон

Ожонси омори Узбекистон аз истеҳсоли беш аз 520 ҳазор тонна нафт дар 8 моҳи гузашта дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши ТоҷикПресс, ожонси омори Узбекистон гузориш дод, ки ширкатҳои бузурги ин кишвар дар 8 моҳи гузаштаи соли ҷорӣ 520 ҳазору 300 тонна нафт тавлид кардаанд.

Бар асоси ин гузориш, тавлиди нафт нисбат ба муддати мушобеҳи соли 2022 мелодӣ 0.2 дарсад афзоиш пайдо кардааст.

Дар моҳи августи соли 2023 тавассути ширкатҳои бузурги ин кишвар 64 ҳазору 300 тонна нафт тавлид шудааст.

Илова бар ин, дар ин муддат 3 миллиону 774 ҳазор тонна зуғолсанг тавлид шудааст. Ҳаҷми тавлид нисбат ба муддати мушобеҳи соли 2022 мелодӣ 10.4 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ҳамчунин дар моҳи августи соли ҷорӣ ширкатҳои истеҳсолии ин кишвар 673 ҳазору 700 тонна зуғолсанг тавлид карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад