Ошноӣ бо мароҳили ишғоли Фаластин

Нақшаи сарзамини шом дар тӯли сад соли ахир бо тағироти бисёр зиёде ҳамроҳ будааст, аммо дар ин миён аз кишвари Фаластин ба унвони сарзаминии ишғолшуда фақат 15% боқӣ монда, ки он ҳам бо шаҳраксозиҳои ғайри маъмули саҳюнистҳо рӯз ба рӯз камтар мешавад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, замоне, ки императории Усмонӣ баъд аз Ҷанги ҷаҳонии аввал фурӯпошид, Британиё ва Фаронса сарзамини Шомот яъне Фаластин, Сурия, Урдун ва Лубнонро, ки бо унвони “минтақаи ишғолии душман” ном гузорӣ карда буданд, таҳти кантрол гирифтанд то ба василаи ончи, ки дар ҷомеаи милал “кантроли манотиқи аз кор афтодаи императории Усмонӣ” дониста мешуд, бар ин минтақа, ки аз сапедадамони таърихи маҳди тамаддуни башарӣ буд, қудрат пайдо кунанд.

Арабҳо, ки аз ибтидо ва бо ваъдаи истиқлол аз ин ҳукумати кантролӣ истиқбол карда буданд, бо хиёнати таҷзияи сарзаминашан рӯбарӯ шуданд; Сурия ва Лубнон ба Фаронса дода шуд ва Урдун таҳти ҳукумати пурҳошияи хонадони Ҳошимӣ аз ҳиҷоз қарор гирифт дар ҳоле, ки бузургони ин хонадон тасаллути худ бар ҳиҷозро ба воситаи шуриши биёбоннишинони Саудӣ аз даст дода буданд.

Аммо шароит барои минтақаи геополитики Фаластин бадтар буд; зеро тибқи эъломияи Балфур, Бритониё ба яҳудён мутааҳҳид шуда буд пуштибони таъмини хонаи миллии онҳо бошад ва ба ҳамин далел сарзамини муқаддас ва бостонии Қудсв а манотиқи атрофашро таҳти моликияти худ нигаҳ дошт.

  • Дар ҳамин даврон буд, ки ду ҷумбиши бузурги миллигароёна аз тарафи яҳудиён ва дигаре дар байни арабҳо шакл гирифт ва рақобат бар сари манофеъ, ба инқилоби арабҳо дар байни солҳои 1936 то 1939 ва ҳамчунин ҷанги дохилии Фаластин аз 1947 то 1948 мунҷар шуд.
  • Ҷанги арабҳо бо саҳюнистҳо дар соли 1948 мунҷар ба қарордоди оташбас ва тақсимбандии минтақа ба се бахши ҷадид шуд. Исроил барои яҳуд, Навори Ғазза таҳти ҳукумати фаластиниҳо ва саранҷом Каронаи Бохтарии Рӯди Урдун барои подшоҳии Урдун; дар натиҷа дар кул 70 дарсади сарзамини Фаластин ишғол шуд ва беш аз 700 ҳазор фаластинӣ овора шуданд.

Баъд аз ин ҷанг, ки бештар бо “Рӯзи мусибат” ба унвони рӯзи оғози ишғол шинохта мешавад, сокинони овораи сарзаминҳои ишғолии Фаластин калиди хонаҳои худро ба унвони намоде умедбахш барои бозгашт, ҳамроҳи худ нигаҳ доштанд ва дар ҷаҳон овора шуданд.

  • Дар 1967 ҷанги шашрӯза миёни арабҳо ва Исроил даргирифт ва кишварҳои Миср, Сурия ва Урдун қасди решакании Исроилро доштанд, аммо шикаст хӯрданду тамоми нақшаи Фаластин ба иловаи Баландиҳои Ҷавлон (Сурия), Саҳрои Сино (Миср) ва Рӯди Урдун (Урдун) ишғол шуд; миёнҷигарии соири кишварҳои арабӣ мунҷар ба судури қатъномае дар Шӯрои амният шуд ва аз тарафайни ҷанг хоста шуд марзҳои якдигарро ба расмият бишиносанд.

Режими ғосиби Исроил ақибнишинии худро машрут бар ба расмият шинохта шудан тавассути кишварҳои арабӣ донист ва монеъ аз бозгашти сокиноне шуд, ки манотиқи худро барои осон шудани ҳамлаи арабҳо тарк карда буданд ва ба ин тартиб манотиқи бештареро таҳти ишғоли худ дароварад.

  • Ин дар ҳолест, ки шаҳраксозиҳои ифротии ин режим дар тамоми бахшҳои ин сарзамин ва бидуни тавваҷуҳ ба ҳеҷ қарордод ва қатъномае идома дорад ва акнун фақат 15% аз хоки Фаластин дар ихтиёри сокинони асилии ин сарзамин аст.

Иқдомоти ишғолгаронаи Исроилро ҳатто нухбагони яҳудӣ низ танқид карданд.

Ноам Чомский, забоншинос ва файласуфи амрикоии яҳудитабор, иқдомоти исроилиҳо дар сарзаминҳои ишғолиро бисёр пасттар аз апартеид (нажодпарастона) медонад ва гуфтааст: “агар манзур аз апартаид ончи дар Африқои Ҷанубӣ рух медиҳад бошад, ин бисёр аз он бадтар аст.”

Эрик Фром, равоншинос ва ҷомеашиноси амрикоӣ-олмонии яҳудитабор, низ бо таъкид бар инки иддаои яҳудиён дар мавриди сарзамини Исроил наметавонад як иддаои воқеии сиёсӣ бошад истидлол кард: “агар тамоми милали ҷаҳон муддаии сарзаминҳое, ки ҳазорон сол пеш ниёконашан дар он мезистанд бошанд, ҷаҳон ба маконе барои девонаҳо табдил меёбад.”

Фаластин

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад