Путин: Ҳамкорӣ бо Тоҷикистон тибқи нақша пеш меравад

Владимир Путин ки айни замон дар Бишкек ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи сарони кишварҳои увзи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба сар мебарад дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки ҳамкории Маскав бо Душанбе тибқи нақша пеш меравад.

Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз Спутник, Президенти Русия, Владимир Путин дар дидор бо ҳамтои худ Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ҳамкориҳо дар ҳамаи самтҳо миёни Тоҷикистон ва Русия тибқи нақша пеш рафта истодаанд.

Путин зимни шодбоши зодрӯзи Раҳмон гуфт: “Ман аз дидани шумо шодам. Ҳама тавре пеш рафта истодааст, ки мо ба нақша гирифта будем. Ҳамкорон, ҳукуматҳо кор мекунад, масъалаҳои бахатарӣ ҳал шуда истодаанд.”

Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ изҳор дошт, ки Русия чун ҳамеша шарики аслии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мондаст.

Вай афзуд, ки равобити фарҳангӣ таҳким ёфта истодаанд ва омодагияшро барои баррасии рушди минбаъдаи ҳамкориҳо баён дошот.

Раҳмон дар хитоб ба Путин гуфт: “Омодаем вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо, масъалаҳои минтақавию байналмилалиро баррасӣ кунем.”

Мулоқоти президентҳои Тоҷикистону Русия дар пойтахти Қирғизистон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад