Мавқеи бозигарони бонузуф дар Қафқоз

Кишварҳое аз ҷумла Туркия, Русия, Эрон, Иттиҳоди Аврупо ва Амрико нақши муҳимме дар таҳаввулоти кунунии Қафқоз ва бахусус Қарабоғ доранд.

Кишварҳои мухталиф аз ҷумла Туркия, Русия, Эрон, Иттиҳоди Аврупо ва Амрико нақши муҳимме дар таҳаввулоти кунунии Қафқоз ва бахусус Қарабоғ ва Сюник доранд, ки таваҷҷуҳ ба онҳо метавонад вазъияти давраи гузор дар ин минтақаро равшантар кунад.

Дар пайи инфиҷори як комюн дар минтақаи мингузоришудаи Қарабоғ, ки сабаби кушта шудани чаҳор афсари вазорати кишвари Ҷумҳурии Озарбойҷон шуд, неруҳои Озарбойҷон дар таърихи 19 сентябри 2023 тайи муддати 24 соат бо истифода аз тӯпхона ва паҳпод, ҳамлаи густардаеро ба Қарабоғ оғоз ва онро як амалиёти зидди террористӣ бо ҳадафи хунсо кардани таҳрикоти Арманистон бо таъкид бар аҳдофи низомӣ ва бозгардондани сохтори қонуни асосӣ дар Қарабоғ тавсиф кардааст.

Танишҳои ахир реша дар декабри 2022 ва фосила гирифтани Арманистон аз Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва худдорӣ аз имзои баёнияи муштараки СПАД дар поёни нишасти сарони он дар Ереван ва ҳамчунин имтинои Пашинян аз размоиши созмон ва шиддати ин таниш бо иқдомоти ахири Пашинян, ки мизбони як размоиши низомии муштарак бо неруҳои амрикоӣ буда, ба вуҷуд омадааст.

Эълони аввалин маҳмулаи кумакҳои башардӯстона аз Арманистон ба Украина ва идомаи раванди тасвиби асосномаи Рим тавассути Ереван бо ҳадафи ба расмият шинохтани салоҳияти додгоҳи кайфарии байналмилали (ICC), ки дар поёни соли 2022 ҳукми боздошти байналмилалиро алайҳи Владимир Путин содир кард, нишонаҳои дигар аз ташдиди таниш ва эҷоди ҳамкорӣ миёни Маскав ва Боку дар ҷиҳати аҳдофи Озарбойҷон дар минтақаи Қарабоғ будааст.

Ҷумҳурии Озарбойҷон дар юриши ҷадид бартарии низомии худро ба Арманистон нишон дод, иқдоме, ки шодии шаҳрвандони ин кишвар ва фоҷиаи инсониро барои ароманаи сокини Қарабоғ ҳамроҳ доштааст.

 Вокуниш бозигарони минтақаӣ ва фароминтақавӣ дар амалиёти низомии Озарбойҷон:

 Туркия; бозигаре, ки ба думболи чидани меваи сиёсатҳои худ аст

Туркия аз ҷумла кишварҳои минтақаии муваффақ дар касби имтиёз ва густариши равобити стратегии худ бо Озарбойҷон аст. Пас аз амалиёти низомии Озарбойҷон дар минтақаи Қарабоғ, раисҷумҳури Озарбойҷон ва Туркия бо ҳам дидор ва Илҳом Алиев ба ин нукта ишора доштааст, ки Озарбойҷон ва Туркия бо ҳимояти якдигар масоили минтақаро дар масири дуруст ҳидоят ва сулҳ ва суботро дар минтақа эҷод ва равобити худро ба болотарин сатҳ хоҳанд расонд.

Ҳаҷми тиҷорати Озарбойҷон бо Туркия беш аз 6 миллиард доллар аст. Дар соли ҷорӣ ҳаҷми тиҷорати онҳо 40 дарсад афзоиш ёфтааст. Ба тавре ки Туркия ва Озарбойҷон ҳадафи ҳамкории тиҷории худро 15 миллиард доллар баён карда ва расидан ба онро дар барномаи кӯтоҳмуддати худ қарор додаанд.

Албатта набояд ин нуктаро нодида гирифт, ки Туркия новгоне аз паҳподҳои ҷангии Озарбойҷонро таъмин ва ба ин кишвар кумак кард то дар як ҷанг 6 ҳафтаӣ дар соли 2020, бахше аз минтақа мавриди муноқишаи Қарабоғро пас бигирад.

Дар идомаи ҳамкориҳои Анқара ва Боку метавон ба хатти гази табиӣ Айғадир- Нахҷавон ишора кард, ки нақши зиёде дар таъмиқи равобит ва ҳамчунин кумаки шоёне дар ҷиҳати таъмини энергеткаи Аврупо хоҳад дошт.

Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия ҳамчунин ифтитоҳи масири заминии кридури Зангзурро дар ҷануби Қафқоз “масъалаи роҳбурдӣ” барои Туркия хонд ва таъкид кард, ки ин кридур барои равобити Анқара ва Боку бисёр муҳим аст.

Ӯ таъкид кард, ки Туркия аз кридури сулҳомез байни Озарбойҷон ва Арманистон барои иттисоли Нахҷавон ҳимоят мекунад, аммо агар Ереван бо чунин чизе мухолифат кунад, кридур метавонад аз Эрон убур кунад, ки ин ида мусбат аст. Эрдуғон таъкид кард, ки тамоми талоши худро барои ифтитоҳи кридури Зангзур анҷом хоҳад кард ва сигналҳои мусбате низ аз Эрон дарёфт кардааст. Агар Арманистон аз боз шудани кридури Зангзур ҷилавгирӣ кунад, ин кридур метавонад аз Эрон убур кунад.

 Русия: коҳиши нуфуз дар сурати идомаи сиёсати феълӣ

Арманистон аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ бар широкати амниятӣ бо Русия такя кардааст, аммо равобити онҳо пас аз ҳамлаи Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Украина дар соли 2022 ба шиддат тира шудааст.

Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон, Русияро масъули нотавонӣ дар таъмини амнияти аромана донист. Арманистон борҳо аз неруҳои ҳофизи сулҳи Русия ба далели нотавонӣ дар боз нигаҳ доштани кридури Лочин ва нодида гирифтани даргириҳои кӯчаки пароканда дар тӯли марз интиқод кардааст.

Агарчи Арманистон муттаҳиди деринаи Маскав аз ҷумла мизбонӣ аз як пойгоҳи низомии Русия аст, аммо равобит дар соли гузашта ба шакли чашмрасе бадтар шудааст. Ҳамзамон бо муноқишаи ҷоддаӣ, Арманистон, имсол бо парҳез аз иҷозаи размоиш дар хоки худ тавассути блоки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ба раҳбарии Маскав ва бо баргузории размоишҳои муштарак дар моҳи ҷорӣ бо неруҳои амрикоӣ, ин иқдоми Пашинян Русияро хашмгин кардааст.

Илова бар ин, Маскав аз ироаи кумакҳои башардӯстонаи Арманистон ба Украина нороҳат аст. Агарчи дахолати Русия дар поён додан ба ҷанги 2020 дастоварди муҳиме барои Русия мебошад ва нуфузи ин кишварро дар минтақа афзоиш дод, аммо бо эҷоди шикоф ва ихтилофҳо миёни Ереван ва Маскав эътибори Русия дар минтақаи Қарабоғ ба таври ҷиддӣ коҳиш ёфтааст, ки агар тадобири қавитаре барои нуфуз дар Қафқоз нагирад, вазъияте, ки дар гузашта доштаро мумкин аст аз даст бидиҳад.

 Иттиҳоди Аврупо: афзоиши воридоти гази Озарбойҷон ва тавсеаи равобит бо Арманистон

Аъзои парлумони Аврупо пас аз амалиёти низомии Озарбойҷон дар Қарабоғ инфиоли Иттиҳоди Аврупо дар вокуниш ба буҳрони Қарабоғро маҳкум карданд ва аз ин иттиҳодия хостанд, ки таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Озарбойҷон эъмол кунад.

Аъзои парлумони Аврупо аз Иттиҳоди Аврупо хостаанд, то вориди амал шавад ва таҳримҳое аз ҷумла таваққуфи воридоти газро эъмол кунад. Иттиҳоди Аврупо ин таҷовузро маҳкум карда, аммо ҳеҷ иқдоми талофиҷӯёнае ироа накардааст. Ин иттиҳодия ахиран қарордоди ҷадиде барои ду баробар кардани воридоти гази Озарбойҷон аз Иттиҳоди Аврупо то соли 2027 имзо карда, ки Урсуло Фун, раиси комиссияи Иттиҳоди Аврупо, Бокуро шарики “қобили эътимод” хондааст.

Талошҳои Иттиҳоди Аврупо барои коҳиши таниши даҳҳо сола байни Арманистон ва Озарбойҷон низ номувафақ будааст. Пас аз иқдомоти низомии ахири Озарбойҷон, Иттиҳоди Аврупо хостори таҳримҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ ва ҳамчунин таълиқи ҳамаи равобити дуҷониба бо Боку шудааст.

Ба далели адами ҳимояти Русия, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар соли гузашта 15.6 миллиард евро гази табиӣ аз Озарбойҷон ворид карданд, ки чаҳор баробар бештар аз соли 2021 аст. Булғория, Руминия, Венгрия ва Словакия низ мутааҳҳид шудаанд воридоти газ аз ин кишвари нафтхезро афзоиш диҳанд.

Намояндагони парлумони Аврупо ҳамчунин ибрози нигаронӣ карданд, ки газе, ки аз Озарбойҷон ба Аврупо мерасад «гази Русия аст» ва хостори таҳқиқоти фаврӣ дар мавриди маншаи гази воридшуда аз тариқи кридури ҷанубӣ шуданд.

Намояндагони парлумони Аврупо ҳамчунин иддао карданд, ки Русия ва Озарбойҷон алоқаманд ба истиқрори як режими дастнишонда дар Арманистон ҳастанд, зеро Кремл ба думболи тақвияти нуфузи худ дар Қафқоз аст. Ҳадафи Русия ошкоро барканории Пашинян, нахуствазири Арманистон аст.

 Эрон: мавзеи усулии ҳимоят аз тамомияти арзии Арманистон ва Озарбойҷон ва таваҷҷуҳ ба ҳуқуқи ароманаи Қарабоғ

Мавзеи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар муноқишаи Қарабоғ ҳамвора бар меҳвари лузуми ҳифз тамомияти арзии Озарбойҷон ва Арманистон, ҳифзи таҷовузнопазирии марзҳои байналмилалӣ ва ҳифзи ҳуқуқи аромана будааст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон бар асоси ин поя, устони Сюникро бахше аз тамомияти арзии Арманистон медонад, дар ҳоле, ки Қарабоғ дар тамомияти арзии Озарбойҷон дида мешавад. Дар ин замони ҳассос, Эрон метавонад фаъолона ва муассир, бо ҳамсӯӣ бо усули мантиқии худ, ба миёнҷигарии оташбас миёни кишварҳои ҳамсоя ва тасҳили бозгашти мусолиматомези Қарабоғ ба Озарбойҷон ва тазмини амнияти ақаллияти арманӣ кумак кунад.

Дар таҳлили вазъияти феълӣ ва ояндаи минтақаи Қарабоғ метавон ба чанд нуктаи калидӣ ишора кард:

  1. Бо таваҷҷуҳ ба таҳаввулоти мухталифи ахир, иқдоми Озарбойҷон барои бозпасгирии Қарабоғ қобили интизор буд. Кушта шудани чаҳор афсари Вазорати кишвари Ҷумҳурии Озарбойҷон танҳо ба ин раванд тасриъ бахшид. Пас аз ҷанги 44 рӯза ва имзои тавофуқномаи оташбас бо Арманистон дар Маскав дар соли 2020, Боку бо ҳамоҳангии Туркия қасд дошт гузаргоҳи Зангзурро барои расидан ба Нахҷавон аз тариқи устони Сюник дар Арманистон боз кунад. Бо ин ҳол, ба далели мухолифатҳои минтақаӣ, аз ҷумла мавзеи қотеи Эрон дар баробари тағйири марзҳои байналмилалӣ, онҳо кушоиши гузаргоҳи Сюникро дар авлавияти баъдӣ қарор доданд ва дар иваз бар талошҳои ҳафтаҳои ахир барои озодсозии Қарабоғ тамаркуз карданд. Инсидоди тадриҷии гузаргоҳи Дочин, ки Арманистонро ба Қарабоғ васл мекунад ва ироа кумакҳои ғизоӣ ва беҳдоштӣ аз хоки Озарбойҷон ба мардуми Қарабоғ нишон аз азми Боку барои ниҳоӣ кардани аҳдофи ноқиси худ аз ҷанги 44 рӯза ва ҳифзи он дорад. Ҳифзи тамомияти арзӣ ва тасаллути комил бар минтақаи Қарабоғ, ки ин минтақаро ҷузъи ҷудонопазири ҷуғрофияи Озарбойҷон медонад, ҷузви аҳдофи аслии Боку аст.
  2. Тирагии равобит байни Арманистон ва Русия дар канори мановри низомии 10 рӯзаи муштарак байни Арманистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки боисм норизоятии Русия аз Пашинян шуд, боис шуд Озарбойҷон аз ин фурсат барои ташдиди фишор барои озодии Қарабоғ истифода кунад. Хатои муҳими Арманистон ин буд, ки Некол Пашинян, фаротар аз баёни ин, ки вобастагӣ ба Русия як иштибоҳи стратегӣ аст, аланан ​​тағйири ҷиҳат ба самти ғарбро эълон кард. Ин мавзеъ ҳамроҳ бо норизоятии Русия ва ҳимояти ғарб, нишондиҳандаи бетафовутии Арманистон нисбат ба Русия будааст.
  3. Ба назар мерасад, ки тасмими ҳамла ба Қарабоғ ба таври мустақил ва бидуни машварати Туркия тавассути Озарбойҷон гирифта шудааст. Вале бидуни шак Анқара аз иқдоми Боку дар минтақаи Қарабоғ ҳимоят ва ин минтақаро дар тамомияти арзии Озарбойҷон медонад. Анқара маъмулан талош барои боз кардани гузаргоҳи Сюникро гоми ҳаётӣ барои озодсозии Қарабоғ медонад ва бо ташвеқи Озарбойҷон барои ба даст гирифтани контроли Сюник, қасди истифода аз ин масирро барои расидан ба Дарёи Хазар дорад. Яке дигар аз ҷанбаҳои муҳими талоши Озарбойҷон барои эминсозии масире аз тариқи Эрон барои расидан ба Нахҷавон аст, ки бар ин амр бо сохти роҳи оҳан таъкид мекунад – тавсеаи навзуҳур, ки мумкин аст Анқара тарафдори ин тағйири масир аз Озарбойҷон набошад.
  4. Шоёни зикр аст, ки иқдоми низомии Озарбойҷон ва бозпасгирии минтақаи Қарабоғро наметавон мавзӯи тамомшуда донист, чароки бо тағйирот дар низоми байналмилал ва ҷаҳони дар ҳол гузор ҳеҷ масъалае қотеъ ва абадӣ вуҷуд надошта ва нахоҳад дошт. Аммо метавон чунин баён дошт, ки раҳбарони кишварҳои Арманистон ва Озарбойҷон бо дар назар гирифтани фоҷиаи инсонии дар ҳол вуқӯъ дар ин минтақа ва муҳоҷирони оворае, ки ҳеҷ тазмини амниятиро барои худ намедонанд, дар дидоре, ки қарор аст дар 5-уми октябр дар Испания миёни тарафайни даргир сурат пазирад, бо таваҷҷуҳ ба масоили баёншуда тасмими мантиқитар гирифта ва ин дидор оғозгари фоҷиаҳои дигар нашавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад