Густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ва Қатар

Дар дидори мақомоти Тоҷикистон ва Қатар дар Доҳа, ду тараф омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ байни ду кишвар, эълом карданд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Завқӣ Завқизода”, вазири тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷоратии кишварамон Тоҷикистон дар Доҳа бо “Муҳаммад бин Абдурраҳмони Сонӣ” нахуст вазир ва вазири умури хориҷаи Қатар дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ҷараёни ин дидор ду тараф омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ иброз ва дар мавриди анҷоми талошҳои бештар барои иҷрои тарҳҳои сармоягузории мушаххас, тавофуқ карданд.

Вазири тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон дар идомаи суханони худ хотирнишон кард, ки равобити дуҷониба байни Тоҷикистон ва Қатар ба сатҳи болое расидааст.

Завқизода аз нахуст вазири Қатар хост то ба унвони мудири иҷрои ҳайати сармоягузории кишвараш дар иҷрои барномаҳои аввалавиятдори Тоҷикистон ба вижа таъмини молии сохти неругоҳ барқӣ обии “Роғун” кумак кунад.

Бинобар суханони вазири кишвар сохти фурудгоҳи байналмилалии мусофирӣ ва борӣ дар минтақаи “Данғара”, барномаи навсозии ширкати Алюминии тоҷик, такмили муҷтамеаи маскунии “Диёри Душанбе”, эҳдоси сохтумонҳои баланд дар Душанбе ва зерсохтҳои гардишгарӣ аз дигар тарҳҳои аввалуитдоре, ки ниёз ба ҳимояти молӣ доранд, аст.

Ду тараф дар бахши дигаре ҳамчунин имкони ифтитоҳи масирҳои мустақими мусофирӣ байни Душанбе ва Доҳа ва ҳамчунин масоили марбут ба пазириши 4 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик тавассути Қатар гуфтугӯ карданд.

Пеш аз ин, дар авосити моҳи август, гузориш шуда буд, ки давлати Тоҷикистон музокироти мустақимеро бо сармоягузорони барои ҷазби манобеи молии изофӣ барои такмили неругоҳи барқӣ обии Роғун то поёни соли ҷорӣ оғоз хоҳад кард.

Гуфтнӣ аст, ки дар ҳоли ҳозир сохти неругоҳи барқӣ обии Роғун мунҳасиран аз будҷаи давлат таъмини молӣ мешавад.

Раисҷумҳури, ҳафтаи гузашта дар дидор бо созандагони ин неругоҳ гуфта буд, ки аз ибтидои соли ҷорӣ токунун беш аз 3 миллиард сомонӣ барои такмили он ба вижа 2.6 миллиард сомонӣ аз будҷа ва 427 миллион сомонӣ аз тариқи фурӯши барқи тавлидӣ тавассути ду турбинаи ин неругоҳ, ихтисос ёфтааст.

Бинобар таъкиди вай, аз ибтидои амалиёти бозсозӣ ва сохт (аз соли 2008) беш аз 35 миллиард сомонӣ аз будҷаи Тоҷикистон барои сохти ин неругоҳи барқт обӣ тахсис шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад