Намози ҷумъа дар Масҷидулақсо бо ҳузури 40 ҳазор фаластинӣ

Ҳазорон фаластинӣ бо вуҷуди маҳдудиятҳои густардаи режими саҳюнистӣ, намози ҷумъаро дар Масҷидулақсо ба ҷой оварданд.

Ба нақл аз Фаластин ал-явм, даҳҳо ҳазор фаластинӣ дар Масҷидулақсо намози ҷумъа гузорданд. Идора авқофи Қудс эълон кард, ки 40 ҳазор намозгузори фаластинӣ дар намози ҷумъа ширкат кардаанд.

Манобеи маҳаллӣ эълон карданд, ки низомиёни режими саҳюнистӣ дар хиёбонҳои шаҳри Қудс ва манотиқи атрофи Масҷидулақсо ба шакли густарда мустақар шуданд.

Низомиёни сиҳюнист дар вурудиҳои Масҷидулақсо, иқдом ба бозрасии дақиқи мадорики шиносоии намозгузорони фаластинӣ карданд ва барои фаластиҳо маҳдудиятҳои зиёде эҷод карданд.

Хабари дигар инки режими саҳюнистӣ аз оғози соли ҷорӣ токунун боздошти муваққати фаластиниҳоро шиддат бахшидаанд. Масъулони саҳюнистӣ аз оғози соли ҷорӣ токунун 2618  маврид қарори боздошти муваққат содир кардаанд.

Ин иқдом дар ҳоле сурат мегирад, ки асирони маҳкум ба боздошти муваққат дар зиндонҳои Нақб рӯзи панҷшанбе ба нишонаи ҳамбастагӣ бо Коед ал-Фусфус асири эътисобкунандаи ғизо ва ҳамчунин дар эътироз ба боздошти муваққат, ғизоҳои худро бозгардонданд.

Лозим ба зикр аст, ки сиёсати боздошти муваққат яке аз барҷастатарин сиёсатҳои саркӯбгаронаи душмани саҳюнистӣ алайҳи фаластиниён ба ҳисоб меояд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад