Ҳимояти Толибон аз Озарбойҷон дар масъалаи Қарабоғ

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид эълон кард, ки Толибон дар муноқишаи марзии Қарабоғ байни Озарбойҷону Арманистон, аз Боку ҳимоят мекунад.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид эълон кард, ки Толибон дар муноқишаи марзии Қарабоғ байни Озарбойҷону Арманистон, аз Боку ҳимоят мекунад.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар мусоҳиба бо телевизиони давлатии ҷумҳурии Озарбойҷон баён кард, ки Толибон аз Ҷумҳурии Озарбойҷон дар мавзӯъи тамомияти арзӣ ҳимоят мекунад.

Вай гуфт: аввал аз ҳама, мехоҳам бигӯям, ки мо ҳамеша аз эҳтироми ҳамаи кишварҳо ба марзҳо ва тамомияти арзии якдигар ҳимоят кардаем. Ҳамонтавр, ки медонед мавзӯъи тамомияти арзии Афғонистон аз аҳамияти фавқулоддае бархурдор аст. Ман фикр мекунам, ки барои Озарбойҷон ҳам ба ҳамин андоза аҳамият дорад.

Сухангӯи Толибон дар ин мусоҳиба ҳамчунон гуфтааст, ки Иморати исломӣ барои оғози кори сафорати Озарбойҷон дар Кобул омода аст.

Вай баён кард: мо 100 дарсад омода ҳастем, то сафорати Озарбойҷон дар Афғонистон боз шавад. Мо ҳозир ҳастем, ки заминаро мусоид созем ва кори муносибро анҷом диҳем. Мо низ ба навбаи худ моил ҳастем, ки намояндагони худро дар Озарбойҷон дошта бошем.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад