Намаоиши қудрати Чин ба Тайван бо парвози даҳҳо ҷанганда

Мақомҳои Тайван рӯзи якшанбе (имрӯз) аз парвози 28 ҷангандаи Чин дар атрофи ҷазираи Тайван ва убури 20 ҳавопаймо аз хатти марзӣ хабар доданд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар идомаи мудохилоти ғарб дар умури Тайван ва танишҳои Чин бо онҳо бар сар ин ҷазира, хабарҳо аз парвози даҳҳо ҷангандаи чинӣ дар наздикии Тайван ҳикоят дорад.

Хабаргузории Фаронса ба нақл аз мақомҳои тайванӣ гузориш дод, ки 28 ҷети ҷангандаи артиши Чин дар наздикии ҷазираи Тайван мушоҳида шудааст.

Тибқи эъломи вазорати дифои Тайван, 28 ҷанганда дар наздикии Тайван дида шуда, ки 20 фарваанд аз ин ҳавопаймоҳо аз хатти марзӣ убур карда ва вориди ҳарими Тайван шуданд.

Ин вазоратхона бо баёни инки Чин дар ҳоли анҷоми «маъмуриятҳои монанди тамринҳои дурбурд ва омӯзиш» аст, афзуд, ки вазъиятро бо ҳавопаймоҳо ва киштиҳои гаштӣ зери назар дорад.

Вазорати дифои Тайван пештар эълом карда буд, ки чаҳоршанбе субҳ то панҷшанбе субҳи ҳафтаи гузашта, 68 ҷет ҷанганда ва 10 кишти низомии Чин дар наздикии Тайван расад шуд ва бархе аз ҳавопаймоҳои Чин ҳам бо убур аз минтақа ба самти ғарби Уқёнуси Ором азимат карданд то як амалиёти муштараки омӯзиши дарёӣ ва ҳавоӣ анҷом диҳанд.

Изҳориназари мақомҳои Тайван дар бораи таҳаррукоти низомии Чин дар ҳоле анҷом шуда, ки ҳафтаи гузашта ба думболи иқдоми таҳрикомези Амрико ва Канада дар убур додани ду киштӣ аз тангаи Тайван танишҳоро боло бурд.

Мақомҳои чинӣ зимни маҳкум кардани ин иқдоми амрикоӣ ва канадаӣ эълом карданд, ки неруҳои низомии Чин ба ҳолати омода бош даромаданд.

Чин Тайванро бахше аз сарзамини мутааллиқ ба худ медонад ва борҳо эълом карда, ки равобити дипломатик ва муровидоти Амрико ва муттаҳидонаш бо ин ҷазира, муғоири асли «Чини воҳид» ва ноқизи ҳокимият ва тамомияти арзии Чин аст.

Чин борҳо ба масъулони Тайван ва ҳомиёни ғарбии ин ҷазира дар бораи тамоюлоти «ҷудоӣ талбона» ҳушдор дода ва гуфтааст, ки бо тамоми абзорҳо аз ҷумла гузинаи низомӣ монеи ҷудоӣ Тайван аз Чин хоҳад шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад