Дипломатияи пинҳонии Русия дар Қафқоз

Таҳаввулоти Қафқоз ҳамеша печидагиҳои хосси худашро доштааст ва дар ин байн Русия ҳам ҳаргиз ҳозир нахоҳад шуд, аз манофеаш чашмпӯшӣ кунад. 

Ҳар чанд Қафқоз минтақаи кӯчаке аст, вале таҳаввулоти он дар солҳои ахир печида шудааст. Дар гузашта, замоне, ки Шӯравӣ суқут кард, дар ҷумҳуриҳои собиқи ин кишвар мунозиаҳои ҳалнашуда боқӣ монд. Аз ҷумла масалан дар Осиёи Марказӣ миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон ё дар Қафқоз байни Озарбойҷон ва Арманистон ва ҳаминтавр дар шарқи Аврупо. Ин низоъҳо ҳал нашуд ва бо гузашти замон бо тағйири шароит шакли ҷадиде ба худ гирифт.

Муноқишаи Қафқоз низ аз ҷумлаи ин мавридҳо аст, ки аз дербоз вуҷуд дошта ва дар замони Иттиҳоди Ҷамоҳир Шӯравӣ яхзада боқӣ монд. Баъд аз даврони ҷанги сард ҳам вақте Арманистон Қарабоғро ишғол карда ва бо ҳимояти Русия тавонист онро нигаҳ дорад, ин буҳрон ба навъе яхзада боқӣ монд. Чароки манофеи Русия талаб мекард, ки буҳрони мавҷуд, сар боз накунад. Аммо ба мурур замон шароит ба шакли дигар тағйир кард, масалан инки Озарбойҷон худро аз ҷиҳати низомӣ қавитар кард. Аммо дар ин мунозиа нақши Туркия ҳам қобили таваҷҷуҳ аст. Туркия махсусан баъд аз соли 2010 ва наздик шудан ба Русия талош кард ҳузури худро дар Қафқози ҷанубиро пуррангтар кунад. Мавзӯъи муҳими дигар ба ҷанги Русия ва Гурҷистон дар соли 2008 бармегардад, ки таъсирҳои худро бар минтақаи Қафқоз гузошт.

 Чатри ҳимоятии Русия бар Арманистон

 Арманистон дар тамоми ин солҳо аз ҷиҳати амниятӣ ва сиёсӣ таҳти чатри ҳимоятии тамомаёри Русия қарор дошт. Дар воқеъ дар ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ ҳеҷ як аз ҷумҳуриҳо ба андозаи Арманистон ба Русия наздик набуданд. Ба ин тартиб, ки марзҳои Арманистон тавассути неруҳои амниятии Русия контрол шуда ва Русия пойгоҳи низомӣ дар ин кишвар доштааст. Аз тарафе бояд бидонем, ки Арманистон мавқеияти геополотикии заифе дорад, кишвари бунбаст аст, ки ба дарё роҳ надошта ва дар ҳамсоягии ду кишваре қарор гирифта, ки бо ҳар ду мушкили таърихӣ, ҳувиятӣ ва қавмӣ дорад. Мушкилоте, ки дар ғарб бо Туркия ва дар шарқ бо Озарбойҷон аз дербоз вуҷуд доштааст. Табъан ин вазъият мунҷар ба он шуд, ки муноқишаи Қарабоғ шакли печидае ба худ бигирад, аз он сӯ дар давраҳое шоҳиди он будем, ки бозигарони ғарбӣ ба таври мушаххас Фаронса ва дар давраи кӯтоҳе амрикоиҳо тасмим гирифтанд, ки вориди муноқишаи Қарабоғ шаванд.

Арманистон ба далели инки аз ҷиҳати динӣ масеҳӣ буда ва ҷузви масеҳиёни Уртудукс аст; аз гузашта як нуфузи қудратманд дар Амрико ва Аврупо дошта ва тавониста буд аз ин нуфуз истифода карда ва ба кишварҳои ғарбӣ дар ҷиҳати ях боқӣ мондани буҳрон фишор биоварад; мавзӯъе, ки бо манофеи Русия созгор буд. Аммо дар соли 2020 ҷанге рух дод, ки муносиботро бар ҳам зад. Асноде, ки акнун мунташир шудааст, нишон медиҳад ин ҷанг бо иттилои Русия рух додааст. Русия ба далелҳои мухталифе аз ҷумла норизоятӣ аз амалкарди Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон дар талош барои ҷилавгирӣ аз чунин ҷанге барнаомад. Нуктаи муҳим ин аст, ки ҳамвора Русия аслитарин ва таъйинкунандатарин бозигар дар саҳнаи Қафқози ҷанубӣ будааст. Ин дар ҳоле аст, ки баъд аз ҷанги Украина нисбат ба гузашта заифтар шудааст. Пурсиш ин аст, ки акнун Русия дар мувоҷеҳа бо масоили Қафқоз чӣ хоҳад кард? Бояд бидонем, ки Русия дар Қафқози ҷанубӣ манофеи мутазодде дорад. Ин манофеи мутазод монеъ аз он шудааст, ки ин кишвар як сиёсати равшан ва қатъӣ дар ин замина бигирад. Русия аз тарафе дар солҳои ахир ба Туркия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон наздик шуда ва намехоҳад онҳоро норозӣ кунад ва аз тарафи дигар Ҷумҳурии Арманистон ҳам ҳамчунон аслитарин ва наздиктарин муттаҳиди Русия буда, ки намехоҳад онро аз даст бидиҳад. Аммо Русия дар Арманистон бо мушкили дигар ҳам мувоҷеҳ буда ва он нахуствазири он кишвар яъне Никол Пашинян аст, ки дар як раванди демократик бар сари кор омада ва Русия мехоҳад вай бар сари кор набошад. Дар воқеъ тамоюли Русия бар ин аст, ки аз як сӯ Арманистонро ҳифз кунад ва аз сӯи дигар Пашинян бар сари қудрат набошад.

 Аз сӯи дигар бояд таваҷҷӯҳ дошт баъд аз ҷанги Украина, боз шудани роҳҳои пайвандӣ ва ҳатто кридури зангзур ҳам барои Русия аҳамият ёфтааст. Русия барои давр задани таҳримҳо ба ин кридур ниёз дорад, чун ин роҳ барои Русия роҳи заминии наздике аст. Дар айни ҳол бо таваҷҷуҳ ба инки Туркия эълон кардааст, таҳримҳои ғарб алайҳи Русияро эъмол нахоҳад кард, фурсати хубе фароҳам мешавад, барои инки Русия битавонад аз тариқи роҳҳои мувосилотӣ ва пайвандии Қафқози ҷанубӣ таҳримҳоро давр бизанад. Нуктаи муҳими дигар ин аст, ки боз шудани ин кридур бо ризояти Эрон ва Арманистон ҳамроҳ нест ва ин мавзӯъ мавриди таваҷҷуҳи Русия қарор дорад. Аз сӯи дигар дар баҳси нафт ва газ ҳам Русия ба ҳамоҳангӣ бо Озарбойҷон ниёз дорад, чароки барои Русия беҳтар аст, ки Озарбойҷон нафт ва гази бештаре ба Аврупо нафарӯшуд ва Аврупоро аз вобастагӣ ба энергетикаи Русия комилан раҳо накунад. Бинобарин мушаххас аст, ки дар Қафқози ҷанубӣ Русия ба унвони аслитарин бозигар дорои манофеи мутазодде буда ва ин манофеи мутазод пайгирии як сиёсати шаффоф ва равшан ва қобили пешбиниро душвор кардааст.

 Албатта одати дипломатики русҳо ҳам дипломатияи махфиёна аст. Дар гузашта ҳам дар мавзӯъҳое монанди тақсими манобеи Дарёи Хазар шоҳиди он будем, ки Русия бо кишварҳои соҳили Дарёи Хазар тавофуқҳои маҳрамонаеро имзо кард, ки баъзе аз онҳо алайҳи кишварҳои дигар буд. Пас дар ин маврид ҳам пешбиниҳо бар ин аст, ки Русия саъй кунад бо дипломатияи пинҳон ба навъе корро пеш барад, ки ҳам Арманистонро дар мадори нуфузи худ нигаҳ дорад, ҳам Озарбойҷон ва Туркияро нороҳат накунад ва ҳам Эронро ба навъе розӣ нигаҳ дорад. Дар назар дошта бошед, ки Русия тамоюл дорад ба шакле монеъ аз нуфузи Фаронса дар Қафқоз ва Арманистон шавад. Ҳаминтур талоши Русия бар ин ин аст, ки Амрико имкони нуфузи бештар бар Қафқози ҷанубӣ пайдо накунад. Ба ҳар ҳол шароити Қафқози ҷанубӣ беш аз ҳама ба маълум шудани мавзеи Русия дар ин минтақа вобаста аст. Ба назар мерасад Русия ҳам бо таваҷҷуҳ ба ҷанги Украина ва бо таваҷҷуҳ ба ҷанги иқтисодие, ки бо ғарб дорад дар мавқеияте нест, ки тавони дипломатияи лозимро барои ҳалли ин низоъ дошта бошад.

 Русия дар ҷабҳаи Украина ба нируҳои зиёде ниёз дошта ва гуфта мешавад, ки дар ҷараёни ҷанг, неруҳои худро аз ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ, Осиёи Марказӣ ва Қафқоз фаро хонда ва ба Украина фиристодааст. Дар чунин шароите Русия тавон ва иродаи лозимро барои ҳалли буҳрони ҳозира надорад. Бинобарин мебинем, бо инки ин кишвар тазмин кардааст, тавофуқи 2020 иҷроӣ шавад, вале бо гузари се сол, ҳамчунон сиёсати харид замонро ба унвони аслитарин сиёсати худ интихоб карда ва умедвор аст бо гузашт замон ин масъала бо мудирияти Русия ва ризояти Туркия ва Эрон, ҳал шавад. Аммо савол ин аст, ки оё муваффақ шавад ё на? Дар бораи ин мавзӯъ тардиди ҷиддӣ вуҷуд дорад. Умдатан ба ин далел, ки ба ҳар ҳол шароит дар минтақа ба суръат дар ҳоли тағйир аст. Аз як сӯ Озарбойҷон намехоҳад бартарии низомии худро бидуни истифода гузошта ба ин натиҷа расидааст, ки дипломатия дигар ҷавоб намедиҳад ва аз тарафи дигар дар дохили Арманистон ҳам Пашинян тамоюл дорад ин низоъи таърихиро ҳал карда ва дар айни ҳол ҳам бо неруҳои тарафдори Русия, ки муқобили ӯ ҳастанд муқобила карда ва қудратро вогузар намекунад.

 Пас дарҳамтанидагӣ ва печидагии муодилоту таҳаввулот дар Қафқоз мавзӯъро бисёр печида карда ва ҳамаи бозигароне, ки сиёсатро дар Қафқоз думбол мекунанд, бояд ба ин печидагӣ таваҷҷуҳ дошта бошанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад