Раҳматулло Наврӯзов, террористи тоҷик ба эъдом маҳкум шуд

Раҳматулло Наврӯзов, шаҳрванди Тоҷикистон ва айбдоршавандаи асосӣ дар ҳамлаи террористӣ ба ҳарами Шоҳчароғ ба эъдом маҳкум шуд.

Раҳматулло Наврӯзов, шаҳрванди Тоҷикистон ва айбдоршавандаи асосӣ дар ҳамлаи террористӣ ба ҳарами Шоҳчароғ ба эъдом маҳкум шуд.

Дар шаҳри Шероз, маркази устони Форс дар ҷанубуғарби Эрон нахустин мурофиаи додгоҳии парвандаи пурсарусадои ҳамлаи дуюми террористӣ ба ҳарами Шоҳчароғ оғоз ёфт. Бар асари ҳамлаи рӯзи 13 август дар ин мазор дар шаҳри Шероз ду нафар шаҳид шуда ва 7 тани дигар захмӣ шуданд.

Ба ин додгоҳ се нафар эҳзор шуданд: айбдоршавандаи асосӣ дар ҳамлаи ахир шаҳрванди Тоҷикистон Раҳматулло Наврӯзов ва шарикони ӯ Ҳабибулло Арабзода ва Амрулло Назарӣ.

Намояндаи қувваи қазоияи Шероз дар ҷаласаи аввал аз додгоҳ хост, то Раҳматулло Наврӯзовро бо иттиҳоми “ҷанг бо Худо” ва узвият дар созмони террористии ДИИШ ба даст доштан дар ҷинояти дараҷаи 1 гунаҳкор шинохта, ба ҷазои шадидтар маҳкум кунад. Ҷазои аз ҳама сангин барои унин ҷиноятҳо дар қонунгузории Эрон ҳукми қатл аст.

Намояндаи қувваи қазоия ҳамчунин аз додгоҳ хост, ки Ҳабибулло Арабзода ва Амрулло Назариро бо айни иттиҳоми ҷанг бо Худо ва узвият дар ДИИШ барои кумак дар содир кардани ҳамла ба мазори Шоҳи Чароғ дар ҷиноятҳои дараҷаи 2 ва 3 гунаҳкор бишиносад.

Дар рӯзи аввали мурофиа қозии парванда муттаҳами асосиро бозпурсӣ кард.

Раҳматулло Наврӯзов ба додгоҳ гуфт, ки ӯ тавассути мессенҷер ба ДИИШ пайваста, лақаби “Салмон Асламёр”-ро ба худ гирифт ва афроди ДИИШ дастураш доданд, ки ба Туркия ва аз онҷо тавассути Эрону Покистон ба Афғонистон биравад. Наврӯзов дар Афғонистон дар як урдугоҳи ДИИШ машқи низомӣ гирифта, баъди анҷоми тамринҳо ба Эрон фиристода шуд. Ин зодаи Тоҷикистон тақрибан як моҳ дар манзиле дар наздикии мазори Шоҳи Чароғ зиндагӣ карда, дар ин муддат дигарбора бо афроди ДИИШ робита барқарор кард ва онҳо роҳнамоияш карданд, ки силоҳи барояш омодашударо дар куҷо пинҳон кардаанд ва онро чӣ гуна бигирад.

Наврузов ҳамчунин идома дод, ки ба ӯ амр дода буданд, ки рӯзи ҳамла бо худ ду зарфи бензин бигирад, вале ӯ бо худ дар борхалтааш ҳамагӣ як зарфи якунимлитрии бензин дошт. Ба болои ин, ӯро ҳанӯз то замоне, ки қолинҳои мазори Шоҳи Чароғро бензин рехта, оташ бизанад, дастгир карданд

Раҳматулло Наврӯзов бо худ ҳангоми ҳамла дар даст як автомат бо 8 магазини иборат аз 240 тир дошт, вале то лаҳзаи боздошташ тавонист, ки болои зоирон ҳамагӣ 11 тир холӣ бикунад.

Тавре қаблан хабар додем, рӯзи 13 август ду марди силоҳбадаст ба ҳарами Шоҳчароғ дар Шероз ҳамла карданд. Яке аз онҳо дар саҳни мазор ба тирпарронӣ сар кард ва дуюмӣ, ки бо автомат дохили мазор шуд ва рӯи издиҳоми зоирон тир кушод, аз ҷониби нигаҳбонон дастгир карда шуд. Дар натиҷаи ин ҳамла як нафар шаҳид ва 8 зоири дигар захмӣ шуданд.

Бар асоси гуфтаҳо, созмони террористии ДИИШ масъулияти ҳамлаи Шерозро ба дӯш гирифт ва онро интиқом барои иҷрои ҳукми қатли ду узви худ дар Эрон номид. Он ду нафар бо ҷурми даст доштан дар ҳамлаи 26 октябри соли 2022 ба ҳамин мазори Шоҳчароғ ба қатл маҳкум шуда, моҳи июл ҳукми ҳарду иҷро шуд. Дар ҳамлаи соли гузашта дар Шероз 13 нафар ҷон бохта, 27 тан захмӣ шуда буд.

Нафаре, ки моҳи октябри соли 2022 болои зоирон дар Шоҳи Чароғ оташ кушод, низ аз Тоҷикистон буд. Комрони Субҳон, мулаққаб ба “Абӯ Оиша” 23сол дошта, аз шаҳри Ҳисор будааст. Ӯ чанд рӯз баъди боздошташ бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар бемористони Шероз ҳалок шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад