Дидори вузарои хориҷаи Тоҷикистон ва Туркманистон дар Душанбе

Дар дидори вузарои хориҷаи Тоҷикистон ва Туркманистон, мушорикати роҳбурдии ду кишвар ва нишасти машваратии отии сарони 5 кишвари Осиёи Марказӣ ва шӯрои сарони кишвари муассиси сандуқи байналмилалии наҷоти дарёчаи Арал, баррасӣ шуд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Сироҷуддин Меҳриддин” вазири умури хориҷаи кишварамон Тоҷикистон бо “Рашид Мурдов” вазири умури хориҷаи Туркманистон дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ҷараёни ин дидор, ки дар маҳалли вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон баргузор шуд, масоили муҳимми мушорикати роҳбурдии ду кишвар мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифт.

Ду тараф дар бахши дигаре ин дидор мавзӯъоти марбут ба муқаддамоти панҷумин нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва даври ҷадиди иҷлоси шӯрои сарони кишварҳои муассиси наҷоти дарёчаи Арал, ки рӯзҳои 14-15 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавандро мавриди таваҷҷуҳи вижа қарор доданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад