Нишасти Шӯрои амният дар бораи долони Лачин

Давлати Арманистон дар нишасти фавқулодаи Шӯрои амнияти Созмони Миллал, хостори ҷилавгирӣ аз наслкӯшии арманиҳои муҳосира шудаи Қарабоғ тавассути низимиёни озарӣ шуд.

Нишасти Шӯрои амнияти Созмони Миллал дар пайи дархостҳои мукаррари мақомҳои давлати Ирвон дар бораи бӯҳрони армнаиҳои Қарабоғ, ки дар муҳосираи низомиёни озарӣ қарор доранд баргузор шуд .Арарат Мирзоян вазири умури хориҷа Арманистон дар нишасти чаҳоршанбешаби Шӯрои амнияти Созмони Миллал дар суханоне дар бораи вазъияти Қарабоғ, тасреҳ кард: Каридури Лачин танҳо роҳи иртиботӣ миёни Арманистон ва Қарабоғ аст ва ҳеч ҷойгузене барои он вуҷӯд надорад.

Раиси дастгоҳи дипломосии Арманистон ҳамчунин таъкид кард: “Созмони Миллал ба унвони ниҳоди муассир, бояд ҷулуи вуқӯъи наслкуширо дар Қарабоғ бигирад”.

Дар вокуниш ба ин дархости Арманистон аз Созмони Миллал, “Фарҳод Муҳаммадов” раиси Андешакадаи маркази мутолеъоти стратежики Боку ва соҳибназари озарӣ дар умури минтақа дар суханоне дар ин нишаст, муддаъӣ шуд: “Ҳадаф аз муъосираи Қарабоғ ҷилавгирӣ аз нақл ва интиқоли таслиҳот ва сарбозони арманӣ ба митақаи Қарабоғ аст.”

Мақомҳои давлати Илҳои Алиев. дар моҳҳои гузашта ба фармони содир шуда аз сӯйи девони байналмиллалии додгустари бетаваҷҷӯҳи кардаанд.

Девони байналмиллалии додгустари (ICJ) дар рӯзи 22 моҳи феврали соли ҷори мелодӣ ба Ҷумҳӯрии Озарбойҷон дастур дод то ҳамаи иқдомоти мумкинро барои итминон аз ҳаракати бидуни монеъи афрод, васоили нақлия ва маҳлулаҳо дар тӯли каридури Лачинро дар ҳар дуҷиҳат рафту баргашт анҷом диҳад.

Дар ҳамин росто, Созмонҳои ҳуқуқи башарӣ низ борҳо дар бораи вазъияти сокинони Қарабоғи кӯҳистонӣ ҳушдор додаанд ва хостори поёни ишғоли каридури Лачин шудаанд, аммо мақомҳои Боку бо пуштгарми аз бархе кишварҳо, ба ин ҳушдорҳо бетаваҷҷуҳи кард ва ҳар рӯз мавозеи худро дар долони Лачин мустаҳакамтар мекунанд.

Танишҳои лафзии Боку ва Ирвон дар ҳоле идома дорад, ки “Арманин Викли” рӯзи сешанбеи гузашта аз нахустин фавти ношӣ аз гурӯснагӣ дар Қарабоғ аз замони оғози муҳосираи ин минтақа хабар дод. Бадеҳи аст, ки бо идомаи раванди феълӣ, ба назар мерасад увзоъ дар хутути тамоси нерӯи озарӣ ва арманӣ ҳар рӯз вахимтар хоҳад шуд.

Дар ҳамин иртибот, чанде қабл, дипламати аршади арманӣ ва соҳибназари Армнаистон дар умури оворагон бо ишора ба ҳузӯри 30 ҳазор кӯдак дар минтақаи Қарабоғи кӯҳистонӣ, гуфта буд, “Ҷумҳӯри Озарбойҷон дар ростои сиёсати поксозии қавмӣ, араманиҳои масеҳиро бо созмондеҳии иқдомоти харобкоронаи гуногӯн кӯшта ва сипас калисоҳо ва баноҳои таърихии масеҳиро тахриб мекунад”.

Мақомҳои давлати Боку аз моҳҳои гузашта масири ҷаддиде барои тарадуди арманиҳо ба Арманистон ва билакс ба мақомҳои Арманастон пешниҳод кардаанд. Масири Ағдам- Ханкенди масири пешниҳод ва мавриди назари мақомҳои Боку аст, ки тарафи арманӣ ба шиддат бо ин масир мухолиф аст.

Мақомҳои давлати Ирвон медонанд, ки тарфи озарӣ бо ин пешниҳоди худ қасд дорад жеополетики Қафқози ҷанубиро тағир диҳад. Тардиде нест, ки талошҳои давлати Илҳом Алиев барои поён додан ба ихтилофот бо Арманистон бинобар тавсиаҳои бегонагон ба натиҷа нахоҳад расид, зеро ин талошҳо ба барои мардуми мусалмони Ҷумҳӯрии Озарбойҷон, балки барои хушхидматии шахси Раисҷумҳӯри Озарбойҷон ба бегонагон матраҳ мешавад.

Алал хусус, ки давлати Боку бо имзҳои тавофуқномаи 10 модаии Маскав, ба аҳдоф ва хостаҳои Ҷумҳӯрии Озарбойҷон дар заминаи поён додан ба муноқишаи Қарабоғ даст ёфтааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад