Кишварҳои арабӣ! Амрико қобили эътимод нест

Як таҳлилгари арабистонӣ тавофуқи ахири Амрико ва Эрон барои озодсозии бахше аз амволи Эрон дар муқобили озодии чанд ҷосусро пирӯзии Эрон тавсиф карду навишт, кишварҳои арабӣ дарсе, ки аз ин тавофуқ бояд бигиранд ин аст, ки Амрико қобили эътимод нест.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Холид Оли Ҳумайл, таҳлилгару рӯзноманигори бо собиқаи Арабистони Саудӣ пас аз хабари тавофуқи ахири Теҳрон ва Вашингтон барои озодсозии бахше аз пули Эрон дар кишварҳои дигар дар муқобили озодии чанд ҷосуси Амрико, Вашингтонро ғайри қобили эътимод хонд.

Мушовири рӯзномаи “Алҷазира”-аи Арабистони Саудӣ дар матлабе, ки дар шабакаи иҷтимоӣ нашр кард навишт, “ошкор аст, ки намешавад бо давлати Демократи Вашингтон, ҷуз бо фишору чолиш таомул кард. Гувоҳи ин амр ҳам ин аст, ки Эрон тавонист ризояти Амрико барои озодии шуморе аз зиндониёнаш дар Вашингтон ва дастрасӣ ба 20 миллиард доллар (аз пулҳояш) дар Ироқро ба даст оварад. Ҳамчунин Эрон ба 9 миллиард доллар аз пулҳои масдуд шудааш даст меёбад.”

Раиси маркази мутолиоту мушовираи расонаӣ дар Риёз, илова кард: “ҳамчунин Эрон мувофиқати Амрико барои ҳифзи захираи ураниуми ғанӣ шудаи худ ва ғанисозӣ дар сатҳи 60 дарсадро ҳифз кунад ва дар муқобили ҳамаи инҳо фақат 5 эронии бо тобеияти амрикоиро озод кунад.”

Оли Ҳумайл дар идома суоле матраҳ карду посух дод: “чӣ касе пирӯз шуд ва чӣ касе шикаст хӯрд ва хокро лесид? Бале, Байдену давлати ӯ ва Эрон ҳам пирӯз шуд.”

Ин таҳлилгари Саудӣ аз кишварҳои арабӣ хост то аз ин тафоҳум дарс бигиранд ва ба давлати Амрико эътимод накунанд. Ӯ навишт: “кишварҳои арабӣ аз ин тавофуқи Амрико ва Эрон чӣ дарсе бояд бигиранд? Бале; эътимод накардан ба давлати Амрико ва инки гузинаи кишварҳои арабӣ ва дар раъси ҳама, Арабистон, таомул бо шарқу ғарб бар асоси манофеи худашон бошад на манофеи Амрико.”

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад