Пушти пардаи сафари Рустами Эмомалӣ ба Чин

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ, маҷлиси болоии парлумон, рӯзи 20 августи соли 2023 бо як сафари расмӣ ба Чин рафт.

Бино ба иттилои расмӣ, Рустами Эмомалӣ, шаҳдори Душанбе ва раиси Маҷлиси кишварро дар ин сафар Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо, раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ, роҳбарони як қатор ташкилоту идораҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ, намояндагони бахши соҳибкорӣ, инчунин дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Ҷониби Тоҷикистон дар бораи сафари Рустами Эмомалӣ ба Чин тафсилоти аз ин бештар надодааст, вале қаблан расонаҳои расмии Пекин хабар доданд, ки боздиди Рустами Эмомалӣ аз ин кишвар бо даъвати Жао Леи, раиси Кумитаи доимии Шӯрои Маҷлиси намояндагони  Чин сурат гирифта, аз 20 то 23 август давом мекунад.

Рустами Эмомалӣ то кунун ба чандин кишвар, аз ҷумла ба Русия, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон сафарҳои расмӣ анҷом додааст, вале бори аввал бо боздиди расмӣ ба Пекин меравад.

Ин сафар дар ҳолест, ки Чин дар солҳои охир ба сурати пайгирона ба сармоягузори асосӣ ба иқтисоди Тоҷикистон табдил меёбад. Дар ҳоли ҳозир, қариб нисфи қарзи хориҷии Тоҷикистонро, ки алакай аз марзи 3 миллиард доллар гузаштааст,  маҳз қарзҳои Чин ташкил медиҳанд. Чин ҳамин тавр, сармоягузории бузургтарин тарҳҳои сохтмонӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони роҳҳову купрукҳо нақбҳо ва ҳатто сохтмони бинои нави ҳукумат ва парлумони ин кишварро ба дӯши худ гирифтааст ва аз ин лиҳоз, ба ҳифзи низоми сиёсии ҳоким дар Душанбе манфиатдор аст.

Қарори маълум, Рустами Эмомалӣ, писари калонии Эмомалӣ Раҳмон, чандин сол боз ба унвони вориси курсии падараш матраҳ мешавад ва аксари нозирони умур сафари Рустами Эмомалӣ ба Пекинро аз ин зовия қобили арзёбӣ мешуморанд ва ба риштаи таҳлил мекашанд.

Ба ақидаи таҳлилгарон, Эмомалӣ Раҳмон бо ин сафари писараш ба Пекин роҳбарони Чинро итминони хотир медиҳад, ки дар сурати интиқоли қудрат аз ӯ ба Рустами Эмомалӣ низ манфиатҳои Пекин дар Тоҷикистон халале нахоҳанд дид. Рустами Эмомалӣ, ба бовари нозирони умур, дар ҷараёни ин сафар ҷониби Чинро итминони хотир хоҳад дод, ки дар аҳди ӯ ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Чин осебе нахоҳанд дид, балки авҷи аз ин ҳам бештар хоҳанд гирифт.

Рустами Эмомалӣ, писари калонии Эмомалӣ Раҳмон 35 сол дошта, аз моҳи январи соли 2017, инак шашуним сол боз шаҳрдори Душанбе аст. Ӯ моҳи апрели соли 2020 раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон низ интихоб шуд ва бо касби ин мақом инак се сол боз расман раҳбари дуюми ҷумҳурӣ дониста мешавад.

Рустами Эмомалиро як вориси эҳтимолии курсии президентии падараш мешуморанд. Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 5 октябри соли 2023 ба синни 71 мерасад, аз ноябри соли 1992, қариб 31 сол боз бар Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад.  Ҳанӯз дар соли 2016 синни ҳадди ақали номзадӣ ба президентиро дар Тоҷикистон аз 35 то 30 пойин оварданд ва аксарият бар ин буданд, ки ҳадаф аз ин тағйирот ҳамвор кардани роҳи Рустами Эмомалӣ барои ширкат дар интихоботи президентии соли 2020 аст. Дар тарҳи ислоҳи Қонуни асосӣ гуфта шудааст: “Дар моддаи 65-ум, қисми дувум дар таҳрири зерин ифода карда шавад: Шахсе ба номзадии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад.” Вале дар ин интихобот Эмомалӣ Раҳмон бори дигар номзадии худашро пешбарӣ кард ва даврони раёсаташро боз ба 7 соли дигар, то соли 2027 тамдид кард.

Эмомалӣ Раҳмон ягона президент дар Осиёи Марказист, ки аз аввали солҳои 90 дар сари қудрат боқӣ мондааст. Дигар кишварҳои минтақа алакай табдили қудратро таҷриба карданд. Дар Қазоқистон Назарбоев соли 2019 худаш аз мақом рафт, дар Ӯзбекистон соли 2016 баъди даргузашти Ислом Каримов, Шавкат Мирзиёев ба қудрат расид ва дар Туркманистон соли 2007 дар пайи даргузашти Туркманбошӣ Бердимуҳаммадов Қурбонқулӣ ба сари қудрат омада, 15 сол ҳукм ронд ва курсиро ба писари чилсолааш Сардор супурд. Аммо агар ин раванд дар Туркманистону Ӯзбекистон ором тай шуда бошад, дар Қазоқистон, интиқоли қудрат ҳама заъфҳои низоми сиёсии ин кишвари дар зоҳир босуботро ба намоиш гузошт.

Таҷрибаи сиёсии Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ барои ба ҳисоб гирифтани ҳамаи сангҳои зери об ва амалӣ сохтани нақшаи интиқоли қудрат бо сенарияи Туркманистон метавонад кумак расонад. Ба ақидаи ӯ, сабаби то ҳол амалӣ нашудани ин нақша, ба он марбут буд, Рустами Эмомалӣ дар як муҳити сунъӣ ба воя расидааст ва таҷрибаи раҳбарияш кифоят намекунад. Бо ин вуҷуд, бисёре аз нозирон ва манобеи огоҳ аз ҷараёни таҳаввулот дар арши сиёсии Тоҷикистон бар инанд, ки нақшаи интиқоли қудрат аз Эмомалӣ Раҳмон ба писари калониаш Рустами Эмомалӣ метавонад хеле зудтар аз соли 2027 амалӣ шавад.

Дар ҷомиаи Тоҷикистон  бисёриҳо умедворанд, ки Рустами Эмомалӣ дар сурати расидан ба курсии президентӣ мисли президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев  дар сиёсати дохилиаш роҳи ислоҳотро пеш мегирад.

Ва аммо қувваҳои норозӣ, аз ҷумла бархе аъзои калидии ҳукумати имрӯза, тарс доранд,  ки Рустами Эмомалӣ, ки аз насли ҷавон аст, метавонад  ба ҷои онҳо кадрҳои ҷавонро рӯи кор биорад ва ба ин далел, кӯшиш мекунанд ва алакай чанд дафъа муваффақ ҳам шуданд, ки Эмомалӣ Раҳмон интиқоли курсии президентӣ ба писарашро ба ақиб андозад.

Омили дигари таъсиргузор ба раванди интиқоли қудрат дар Тоҷикистон метавонад ҳаводиси Афғонистон, бахусус ба қудрат омадани ҳаракати тундрави Толибон дар ин кишвари ҳаммарз бо Тоҷикистон бошад. Боз як омили чолишзо танишҳо дар марз бо Қирғизистон аст, ки ҳар сари чанд вақт ба муноқишаҳои мусаллаҳонаи хунин мепечад. Омили муҳоҷирон, оппозитсияи берун аз саҳнаи фаъолияти қонунӣ  низ дар ба раванди интиқоли қудрат дар Тоҷикистон то ҳадде таъсир расонанд. Аммо ончи мешавад аз раванди ҳокимият дар кишвар таҳлил кард, ин аст, ин омилҳо метавонанд суръати ин равандро тунд ё кунд кунанд, вале пеши онро дигар гирифта наметавонанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад