Нигаронӣ аз эҳдоси канали “Қуштеппа”

Руасои ҷумҳӯрии се кишвар, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон дар бораи паёмадҳои эҳдоси канали Қуштеппа бар рудхонаи Амударё дар Афғонистон ибрози нигаронӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон, Сардор Бердиев, Шавкат Мирзиёев руасои ҷумҳӯрии Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон дар нишасти Ишқобод пойтахти Туркманистон дар мавриди истифода аз об гуфтугӯ карданд. Ин Мавзӯъ аз он ҷиҳат аҳамият дорад, ки ин се кишвар аз тариқи Амударё ба ҳам мутасил мешаванд. Рудхонае, ки умдатан марзи Осиёи Марказӣ бо ҳамсояи ҷануби Афғонистонро низ мушахас мекунад, муддатҳое аст, ки киҳшварҳои ҳавзаи Осиёи Марказӣ аз оби Амударё барои мақосиди кишоварзӣ баҳра мебурд, аммо ахиран Толибон ба сабабҳои номаълум бозии обро бо ҳамсоягони худ ба роҳ андохтааст. Албатта аз замони ҷумҳӯрият, давлати Афғонистон таҳти таъсири сиёсатҳои Ҳинд ва сипас Покистон бо эҳдоси анвоъи канал ва садд бар рӯйи рудхонаҳое, ки ба кишварҳои ҳамсоя сарозер мешавад таниши об ба роҳ андохтаанд, ки аз ҷумлаи онҳо метавон ба садди Камолхон ишора кард. Ин талқи дар Кобул вуҷӯд дошт, ки метавонад аз тариқи об имтиёзоти муътаддид аз ҳамсоягони Афғонистон бибирад. Аббос Қиёс коршиноси масоъили Афғонистон дар ин бора мегӯяд: Як талқти ва бовари ғалат дар Афғонистон шакл гирфитааст, ки метавонанд аз тариқи об бо кившарҳои ҳамсоя муъомила кунанд ва ё имтиёз бигиранд ин дар ҳоле аст, ки масъалаи об тобеъи қавонини байнамиллалӣ ҳуқуқе аст, ки ҳамаи кишвраҳоие, ки дорои манобеъи обии муштарак ҳастанд тобеъи он қавонин мебошанд.

Ин бадон маъно аст, ки Толибон метавонанд ҳар иқдомеро, ки худ меписанданд дар мавриди манобеъи обе, ки ба самти ҳамсоягони Афғонистон ҷорӣ аст иҷро намоянд. Дар ин миён ба назар мерасад кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ки аз манобеъи оби ин кишвар мунтафиъ мешаванд, дар сиёсат аз ҳуқуқи худ дар ин хусус ё ҷиддият надоранд ва ё нигарони ҳаргуна мавзеъи тунди худ зиддӣ Толибон ҳастанд дар нишасти худ дар Ишқобод ба таври мустақим ба иқдомоти Толибон дар эҷоди канали инҳирофи бар рудхонаи Амударё ишора накардаанд.

Суруш Амирӣ коршиноси масоъили Афғонистон дар ин бораи мегӯяд: Кишварҳои ҳамсояи Афғонистон агар дар мавриди ҳуқуқи худ аз манобеъи обе, ки аз Афғонистон сарчашма мегирад, нигаронӣ доранд бояд ба таври ҷиддӣ онро пайгирӣ кунанд. Иттихози мавзеъ дар дупаҳлуи бидуни ишораи мустақим ба тарафи муқобил наметавонад монеъ аз идомаи фаъолиятҳои Толибон дар эҷоди канали инҳирофи бар рӯйи рудхонаи Аму шавад.

Дар ҳар ҳол баёнияи поёнии нишасти Ишқобод ба таври мушахас аз Афғонистон ном бурда нашудааст ва сирфан муҳтавои баёния мунъакис кунандаи нигаронии ҳар се кишвар аз эҳдоси канали Қуштаппа ва коҳиши оби Амударё аст. Зеро бо эҷоди канали инҳирофӣ бахши умдае аз оби Амударё ба марсири дигар мунтақил хоҳад шуд.

Толибон пружаи эҳдоми канали Қуштаппаро дар авоили баҳори 2022 эълом кард ва сохти он чанд ҳафта баъд дар моҳи май оғоз шуд. Ин канал қарор аст ба таври 285 киламетр дар шимоли Афғонистон эҷод шавад. Ин дар ҳоле аст, ки Афғонистон ва кишварҳои Осиё Марказӣ ҳеҷ тавофуқномае дар мавриди истифода аз об надоранд бо ин ҳол вазъияти истифода аз рудхонаҳо миёни Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя тобеъи қавонини байнамиллал дар мавриди рудхонаҳо аст, ки кившарҳои Осиёи Марказӣ метавонанд бар асоси ин қавонин монеъи аз байн рафтани ҳуқуқи обии худ шаванд ва ило баргузории ҳаргуна нишасти сиёсӣ ва мавзеъгирӣ ва дупаҳлуи мушкилро дар мавриди масоили рудхонаи ҳал нахоҳанд кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад