Бойкот навъе инқилоб алайҳи кишварҳои таҳқиркунандаи Қуръон аст

Дабири кулли Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон бойкотро абзоре таъсиргузор дар баробари кишварҳои ҳомии қуръонсӯзӣ баршумурда гуфт: бойкот, як инқилобу хостаи қонунӣ аст; аммо бояд барномарезӣ шуда ва фарогир бошад ва мусалмонон ва арабҳо ҳар як дар ин замина масъул ҳастанд.

Муҳйиддин Қара Доғӣ, дабири кулли Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон аз кишвари Қатар тайи суханоне дар робита ба беҳурматиҳои ахир ба Қуръон дар кишварҳои аврупоӣ изҳор кард: бояд бидонем душманон пайваста мекӯшанд то ба муқаддасоти мо беҳурматӣ кунанд.

Вай афзуд: ин беҳурматиҳо имрӯз ба муқаддасоти ҳудуди ду миллиард мусалмон анҷом шудааст ва мо бояд қабл аз муттаҳам кардани иҳонаткунандагону омилони он аз ҷумла саҳюнизм, худамонро нақд кунем; зеро бо вуҷуди инки уммати исломӣ ҳудуди 60 давлат аст, мавзеи қотеонае нагирифтаем.

Қара Доғӣ тасреҳ кард: агар мавзеи воҳиду якпорчае аз сӯи мо мусалмонон гирифта шавад, душманон ҳаргиз наметавонанд ба муқаддасоти мо беҳурматӣ кунанд.

Дабири кулли Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон идома дод: душманон пеш аз ин бо карикатураҳои тавҳиномез, Паёмбар (с)-ро мавриди иҳонат қарор доданду имрӯз ин беҳурматиҳо ба сӯзондани Қуръони Карим дар Шветсия ва Дания расидааст ва ман муътақидам ин гӯна иқдомот мутаваққиф нахоҳад шуд.

Вай баён кард: мо дар Иттиҳодияи уламои мусалмон ва ҳамчунин аз Ал-Азҳар, бойкоти дипломатик ва иқтисодии кишварҳои иҳонаткунандаро хостор шудаем ва ин бойкотҳо бояд таҳдиде ҳақиқӣ барои онон бошад то таъсири воқеии худро дошта бошад.

Қара Доғӣ афзуд: бойкот дар чунин шароите ҳаққи қонунӣ барои кишварҳои исломӣ мебошад; мо имрӯз мебинем кишварҳое монанди Амрико, кишварҳои исломиро яке пас аз дигарӣ бойкот мекунанд; аммо уммати Ислом дар баробари ҷасорат ба Қуръони Карим иқдоме анҷом намедиҳад.

Вай аз кишварҳову миллатҳои исломӣ бойкоти ҳақиқии Шветсия ва Данияро хостор шуд ва гуфт: мо мусалмонон бояд ин бойкотро оғоз кунем ва ҳукуматҳои исломӣ низ бояд мавозеи дурусте дар ин замина иттихоз кунанд; ҳар чанд бархе кишварҳо иқдомоте анҷом додаанд; аммо ҳамаи кишварҳои исломӣ бояд вориди амал шаванду бойкоти иқтисодӣ, миллӣ ва байналмилалии кишварҳои иҳонаткунанда бояд анҷом гирад.

Қара Доғӣ дар идома бойкотҳои золимона дар замони Расули Худо (с)-ро ёдовар шуду изҳор кард: дар он замон Паёмбар (с) дар Шиъби Абитолиб се сол бойкот шуд ва ин нахустин бойкоти золимона дар таърихи Ислом буд.

Вай ҳамчунин баён кард: ҳамаи мусалмонон барои Паёмбар (с) эҳтиром қоил ҳастанду Расул (с) омили ваҳдати мост ва ҳеҷ мусалмоне дӯст надорад Қуръони Карим ва Паёмбар (с) мавриди иҳонат қарор бигирад.

Дабири кулли Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон гуфт: яке дигар аз муқаддасотамон яъне Қудси Шариф низ шабу рӯз мавриди иҳонат қарор мегираду Қуръон дар масоҷиди Фаластин пора мешавад ва мо шоҳиди беҳурматиҳое аз сӯи шаҳракнишинони саҳюнист ба муқаддасоти исломӣ ҳастем.

Вай афзуд: бино бар ин бояд мавозеи амалӣ иттихоз кунем ва бойкот бояд фарогиру ҳама ҷониба бошад ва ҳар гӯна хариду фурӯш бо кишварҳои иҳонаткунанда ба муқаддасоти исломӣ мутаваққиф шавад ва кишварҳову миллатҳо дороиҳои худро аз бонкҳои вобаста ба ин кишварҳо хориҷ кунанд.

Қара Доғӣ дар бораи мавзеи Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон дар баробари қуръонсӯзӣ гуфт: мо хостори бойкоти одилона шудаем, ба ин маъно, ки агар ширкате аз Шветсия, Дания ё ҳар ҷои дигаре мухолифати худро бо беҳурматиҳо эълон кунад ва аз давлатҳои иҳонаткунанда ҳимоят накунад, шомили бойкот нашавад ва ин навъ бойкот зарурӣ мебошад.

Вай дар поён таъкид кард, ин худ як инқилобу хостаи қонунӣ аст; аммо бояд барномарезӣ шуда ва фарогир бошад ва мусалмонону арабҳо ҳар як дар ин замина масъул ҳастанд.

Беҳурматӣ ба Қуръони Карим дар кишвари Шветсия

Салван Момика, муҳоҷири ироқии сокини Шветсия бо ҳимояти полиси ин кишвар тайи ҳафтаҳои гузашта иқдом ба ду маротиба сӯзондани Қуръон ва поймол кардани парчами Ироқ дар муқобили сафорати Бағдод дар Стокголм кард.

Силван Момика муҳоҷири 37-солаи ироқӣ бо собиқаи ташкили гуруҳи мусаллаҳ, мушрику муртад мебошад. Вай дорои собиқаи доштани хушунат буда ва ба ҳамин далел дар соли 2017 ба иттиҳоми ҷинояти ҷангӣ ва тарвиҷи хушунат дар Ироқ боздошту зиндонӣ шудааст. Пас аз зиндонӣ шудан вай дар соли 2017 додгоҳи Ироқ дар пайи вокуниши тунди кишварҳои ғарбӣ ӯро озод мекунад ва сипас ӯ ба Шветсия муҳоҷират мекунад то бо пайвастан ба аҳзоби ифротии ин кишвар ба ҷиноятҳои худ идома диҳад.

Бар асоси бархе гузоришҳо, ӯ бо ниҳоди ҷосусии Исроил иртибот дошта ва барои сӯзондани Қуръон аз тарафи кишварҳои ғарбӣ ба хусус режими саҳюнистии Исроил ҳимоят мешавад.

Қуъони Карим

Беҳурматӣ ба Қуръони Карим дар кишвари Дания

Гуруҳе ба номи “Ватанпарастони Дания” ҷамъомади дигареро ҳафтаи гузашта баргузор карданд ва онро ба таври зинда аз Фейсбук пахш намуданд.

Дар рӯзи ҷумъа ин гуруҳи ифротӣ ва зидди исломӣ муқобили сафорати Ироқ дар Капенгаген нисбати Қуръон беҳурматӣ карда онро ба оташ кашиданд.

Ин иқдом 25-уми июл дар муқобили сафоратҳои Миср ва Туркия такрор шуд.

Аҳдофи анҷоми сӯзондани Қуръони Карим

Коршиносон дар робита ба аҳдофи сӯзондани Қуръони Карим дар пойтахти Шветсия тавассути муҳоҷири ироқӣ изҳороте ироа кардаанд, ки ба таври хулоса баён мешавад:

  1. Бархе коршиносон бар ин боаранд, ки режими саҳюнистии Исроил ҳомии беҳурматиҳои ахир ба Қуръони Карим аст ва ҳадафаш мунҳарифсозӣ ва дур кардани таваҷҷӯҳи мардуми ҷаҳон ба хусус мусалмонон аз ҷиноятҳое аст, ки дар Фаластин анҷом медиҳад.
  2. Аз нигоҳи бархе дигар аз коршиносон, режими саҳюнистӣ бо офаридани ҳодисаҳои ахир дар сӯзондани китобҳои осмонӣ дар пайи он аст, ки байни мусалмонон ва адёни дигар тафиқа ва ихтилоф эҷод кунад.

Тибқи бархе гузоришҳо се созмони саҳюнистии соҳиб нуфуз дар Шветсия аз ҷинояти қуръонсӯзӣ ҳимоят мекунанд то аз ин тариқ фитаафканӣ кунанд.

  1. Ҳар замон, ки ғарб дучори буҳрон мешавад ва ноумед аст, шӯриши умумии зидди мусалмононро бармеангезанд ва ё мехоҳад тамаркузи худро аз шикастҳои худ дур кунад ба муқаддасоти исломӣ беҳурматӣ мекунад; ин иттифоқ борҳо дар тӯли таърих рух додааст.
  2. Худи Силван Момика эълон кардааст, ки ҳадафаш аз қуръонсӯзӣ озодии баён мебошад. Вай дар тавҷиҳи иқдоми худ гуфтааст, ки озодии баён яке аз масъалаҳои муҳимми башар аст ва ба ҳамин далел дар ҳама ҷои ҷаҳон фаъолиятҳои зиёде барои анҷоми ин кор сурат мегирад. Аммо инки “беҳурматӣ ба Қуръон”-ро ба озодии баён иртибот додааст, чизе ҷуз ихтилофафканӣ натиҷаи дигаре надорад.
  3. Бо таваҷҷӯҳ ба рушди бесобиқаи Ислом дар Авурпо, душманони дини Ислом дар пайи он ҳастанд, ки бо сӯзондани Қуръони Карим дар кишварҳои аврупоӣ хашми мусулмонони ҷаҳонро барангезанд ва мусулмонон ҳам бо дидани беҳурматӣ ба Қуръони Карим даст ба хушунат бизананд то аз омилони он интиқом гиранд. Дар натиҷа мусулмононро дар чашми мардуми Аврупо бадрафтор нишон диҳанду монеи рушд ва густариши Ислом дар кишварҳои аврупоӣ шаванд.
  4. Бархе дигар дар ин робита чунин изҳори назар кардаанд, ки Силван Момика бо ин иқдоми худ дар пайи расидан ба шуҳрати ҷаҳонӣ мебошад. Албатта мушаххас аст, ки беҳурматӣ ба Қуръони Карим, китоби осмонии 2 миллиард мусалмон чандон амали мантиқӣ ва ақлӣ барои расидан ба шуҳрат ба назар намерасад.

Ошкор аст, ки мусалмонон ва давлатҳои исломӣ нисбат ба қуръонисӯзие, ки дар кишвари Шветсия ва бо ҳимояти полиси ин кишвар сурат гирифтааст бояд вокуниш нишон диҳанду ин иқдомро бо қатъи иртиботи сиёсӣ аз ҷумла ихроҷи сафирони Шветсия ва таҳрими колоҳои ин кишвар маҳкум кунанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад