Дидори вазири хориҷаи Амрико бо раҳбарони Озарбойҷон ва Арманистон

Вазорати умури хориҷаи Амрико эълон кард, ки Энтони Блинкен бо раҳбарони Озарбойҷон ва Арманистон дидор кардааст.

Вазорати умури хориҷаи Амрико эълон кард, ки Вазири умури хориҷаи ин кишвар, Энтони Блинкен бо Илҳом Алиев, президенти Озарбойҷон ва Никол Пашинян, сарвазири Арманистон дар бораи музокироти ду кишвар гуфтугӯ кард.

Блинкен бар аҳамияти музокироти сулҳи Озарбойҷон ва Арманистон барои ҳар ду раҳбар таъкид намуда ва қавли ҳимояти кишварашро такрор кардааст.

Вай дар дидор бо Алиев таъкид кардааст, ки ба сулҳи имконпазир бовар дорад. Блинкен аз эҷоди долони Лочин ибрози нигаронӣ карда гуфтааст, ки ин долон раванди эътимодсодӣ дар суҳлро заиф мекунад.

Вазири умури хориҷаи Амрико дар дидор бо Пашинян низ таъкид кардааст, ки гуфтугӯи мустақим ва дипломасӣ танҳо роҳ дастёбӣ ба сулҳи пойдор дар Қафқози Ҷанубӣ мебошад. Вай ҳамчунин аз вобастагии сарвазири Арманистон ба раванди сулҳ ҳам қадрдонӣ кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад