Шароити бисёр бади занони тоҷик дар зиндонҳои Ироқ

Занони тоҷике, ки дар Ироқ зиндониянд, дар эътироз ба “ҳабси тӯлонӣ ва бидуни далел”-и худ ва инчунин шароити бисёр бади зиндонҳо дар ин кишвар, бо эълони гуруснанишинӣ хоҳони бозгардонида шуданашон ба ватани худ шудаанд.

Занони тоҷике, ки дар Ироқ зиндониянд, дар эътироз ба “ҳабси тӯлонӣ ва бидуни далел”-и худ ва инчунин шароити бисёр бади зиндонҳо дар ин кишвар, бо эълони гуруснанишинӣ хоҳони бозгардонида шуданашон ба ватани худ шудаанд.

Қаблан расонаҳо аз гуруснанишинии занони шаҳрванди чанд кишвари осиёмиёнагӣ ва Туркияву Озарбойҷон хабар дода буданд, аммон онҷо аз занони тоҷик ном бурда намешуд.

Ба дасти “Паём” наворе расид, ки дар он гурӯҳе аз занони зиндонии тоҷик дар зиндони “Русафа”-и Ироқ бо қироати баёнияи худ хостори озодии ҳарчи зудтари худ мешаванд. Дар ин навор 8 зан муоҳида мешаванд, ки ҳамагӣ бурқа пӯшидаанд ва чеҳраҳояшон дида намешавад.

Онҳо мегӯянд шурӯъ аз 24 апрел “ба нишони эътироз алайҳи иттиҳомоти сохта ва муҷозоти ноадлонаи зиндонҳо гуруснанишинӣ эълон карда, хостори озодии фаврӣ шудаем”.

Ба гуфтаи ин занон шаҳрвандони кишварҳои гуногун дар ин зиндон нигоҳдорӣ мешаванд.

Онҳо мегӯянд:

“Ҳамаи моро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо роҳи фиреб, таҳдид ва фишори хадамоти махсус шоҳидӣ гирифтаанд, ки дар натиҷа ҳамаи моро бо айбҳои беасос бо мӯҳлатҳои тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум кардаанд”.

Дар ин баёния гуфта мешавад ин занон ба терроризм муттаҳам шудаанд дар ҳоле, ки “дар амалиёти ҷангӣ ва ҷанг иштирок накардаанд”.

Онҳо мегӯянд ҳоло дар маҳбас қарор доранд ва аз имкони дидани фарзандон ва дигар хешу таборон ва ҳатто ғизои муқаррарӣ маҳруманд. Ва аз набудани нигоҳубини тиббӣ ба бемориҳои вазнин гирифтор шуда, дар натиҷаи муносибати беэҳтиётона нисбаташон, шумори зиёде аз “занону кӯдакони маҳбус мурдаанд”.

Дар солҳои 2014 — 2016 шумори чашмгире аз ҷавонону мардони тоҷик барои пайвастан ба ДОИШ, ки “давлати исломӣ” ё «хилофат» эълон карда буд, ба Сурия ва Ироқ рафтанд. Қисме аз онҳо ҳамсару фарзандони худро низ бо худ бурданд.

Мақомоти кишварҳои Сурияву Ироқ ва аксари кишварҳои узви эътилофи зиддидоишӣ, ки замони ҷанг бо ДОИШ ба он беш аз 70 кишвар шомил буданд, ба ин назаранд, ки ин занон чун ба ихтиёри худ ба қаламрави ДОИШ рафтаанд, гунаҳкоранд.

Аммо коршиносон, бахусус коршиносоне, ки равоншиносии занони мусалмон, аз ҷумла занони осиёимиёнаиву қафқозӣ ошноянд, мегӯянд ин назар бояд бозбинӣ шавад, чун ин занон бинобар фарҳанги исломӣ ва минтақаии худ аз шавҳаронашон бечунучаро итоат мекунанд ва наметавонистанд аз талаби шавҳаронашон мабнӣ бар рафтан ба Ироқ ё Сурия сарпечӣ кунанд.

Ҳамчунин ноогоҳии ҳуқуқиву сиёсии онҳо низ бояд ба назар гирифта шавад, ки аслан ҳеҷ шинохте на аз вазъи ҳуқуқии ДОИШ-у дигар гурӯҳҳо ва на муносибати ҳуқуқи байналмилал бо онҳо, надоштанд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо эълон карда, ки тамоми занону кӯдакони асир дар ин ду кишварро ба ватанашон бармегардонад, аммо зоҳиран ин иддао ва ваъдаи ӯ низ мисли ваъдаҳои дигараш ҷанбаи таблиғӣ доранд. То ҳол танҳо ду гурӯҳ аз кӯдакони тоҷик баргардонида шуданд, ки қисми асосиашон ба наздиконашон таслим нашуда ва дар ятимхонаҳои махсус нигоҳдорӣ мешаванд.

Ҷомеъаи кишвар ҳам бо тарси муттаҳам нашудан ба ҳимоят аз “террористон” ба тақдири ин занону кӯдакон бетаваҷҷӯҳӣ зоҳир мекунад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад