Эрдуғон: яке аз раҳбарони ДИИШ дар Сурияро нобуд кардем

Президенти Туркия гуфт, неруҳои ин кишвар муваффақ шудаанд яке аз раҳбарони ДИИШ дар Сурияро нобуд кунанд.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар гуфтугӯ бо шабакаи TRT иддао кард, неруҳои амниятии Туркия тавонистаанд Ҳусайн Қурайширо рӯзи шанбе дар амалиёте ба қатл бирасонанд. Ба гуфтаи вай неруҳои амниятии Туркия аз муддати пеш ба дунболи Қурайшӣ будаанд.

Гуфта мешавад, ки ин амалиёти низомӣ дар шимоли Сурия ва дар наздикии марзи Туркия анҷом шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад