Таъкиди кишварҳои саноатӣ бар ҷанг ва таҳрими Русия

Кишварҳои узви "Гурӯҳи 7" дар ҷадидтарин нишасти худ, таҳти фишорҳои Амрико бар тадовуми ҷанги Украина бо Русия ва идомаи таҳрими Маскав таъкид карданд.

Вазирони умури хориҷаи кишварҳои “Гурӯҳи 7” рӯзи душанбе ( 17 апрел) бо интишори баёнияи муштарак, бар идомаи ҳимоятҳои молӣ ва ирсоли силоҳ ба Украина ва ҳамчунин тадовуми таҳримҳо алайҳи Русия таъкид карданд.

Вазирони умури хориҷаи кишварҳои “Гурӯҳи 7” муташаккил аз Амрико, Ҷопон, Англия, Канада, Фаронса, Олмон ва Италия рӯзи якшанбе (16 апрел) дар Ҷопон нишаст баргузор карданд. Дар ин нишасти серӯза , ҷанги Украина дар конуни гуфтугуҳо қарор дорад.

Ширкаткунандагон пас аз нахустин давр аз гуфтугуҳо, ҳамсӯ бо сиёсатҳои зиддирусии Ғарб ба раҳбарии Амрико, дар робита бо ҷанги Украина алайҳи Русия баёнияе мунташир карданд. Давлатҳои ғарбӣ ба раҳбарии Амрико дар ҷанги Украина алайҳи Русия, дар заминаҳои молӣ ва иқтисодӣ ва ҳамчунин умури низомӣ бавижа ирсоли анвоъи таслеҳоти куштори ҷамъӣ ва эъзоми коршиносони низомӣ ба Украина ба кумаки давлати Киев шитофтаанд.

Дар чунин шароите аъзои “Гурӯҳи 7” дар баёнияи худ таъкид карданд: “Ширкаткунандагон дар нишасти Ҷопон тавофуқ кардаанд, ки ҳамкориҳои муштарак миёни худро дар заминаи мубориза бо давр задани таҳримҳо ва муқобила бо фурӯши таслеҳот ба Русия аз сӯи кишварҳои солис тақвият кунанд”.

Бо таваҷҷӯҳ ба шароити ошуфта дар минтақа, бидуни тардид интишори баёнияи ҳафт кишвари саноатӣ дар нишасти Ҷопон ба маънии иттихози сиёсати ҷангталабона ва ҳимоят аз авзоъи ошуфта дар минтақа аст. Бо вуҷуди ин, кишварҳои саноатӣ бо кумакҳои расонаии худ, талоши музоъафе ба кор гирифтаанд то ҷанги Украина бо Русияро дар ҷиҳати манофеи худ ва алайҳи Русия таблиғ ва тарвиҷ кунанд.

Ин дар ҳоле аст, ки давлати Украина ба таҳрики Амрико ва муттаҳидонаш, ҷанги нобаробареро алайҳи атбои русии муқими ду устони Украина дар дастури кор қарор дод. Ҳамалоти низомии Украин ба ду устони Донетск ва Луҳанс, ки аз пурҷамъияттарин устонҳои Украина маҳсуб мешаванд ва умдатан атбои руснишини Украинро дар худ ҷой додаанд, аз ҷумлаи бадтарин ҳамалоти якҷонибаи низомӣ ба мардуми ғайринизомӣ арзёбӣ шудааст.

Дар айни ҳол, давлатҳои ғарбӣ ба раҳбарии Амрико талош кардаанд то зимни густариши НАТО ба самти марзҳои Русия, дар амал заминаҳои бурузи ҷанги алайҳи Русияро фароҳам карданд. Дар муқобили ин талошҳо, Русия дар рӯзи 24 моҳи феврали соли 2022 амалиёти вижаи Низомии худро дар Украина оғоз кард.

Пас аз оғози даргириҳо, Эрон ва Чин иқдомоти таҳрикомези ғарбиҳо, аз ҷумлаи густариши НАТО то пушти марзҳои Русияро далели аслии ба роҳ афтодани ҷанги Украина эълом карданд.

Давлатҳои ғарбӣ, ки пас аз фурупошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ бо кумаки сиёсатмадорони ғабргаро тамомии зерсохтҳои низомии Украинаро нобуд карданд, акнун бо эҷоди ҷанг миёни ин кишвару Русия бо кумаки Владимир Зеленский, раисиҷумҳури ғарбгарои ин кишвар дар ҳоли нобудии Украина ҳастанд. Зерсохтҳои иқтисодии Украина дар яксоли гузашта нобуд шудааст.

Дар ҳақиқат, Украина аз як кишвари саноатӣ дар ҳоли табдил шудан ба як кишвари бо иқтисоди сирфан кишоварзӣ аст. Давлатҳои ғарбӣ, ки бо кумаки раисиҷумҳури Украин ба нобудии ин кишвар кумак мекунанд, имкони бозсозӣ ва тармими харобиҳои Украинаро надоранд. Дар ҳоле, ки кишварҳои минтақа бавижа Русия имкони бозсозӣ ва беҳбуди авзоъи иқтисодии Украинаро дар инҳисори худ дорад.

Дар ин замина метавон ба гузоришҳои мустанади коршиносони ғарбӣ ишора кард. Ба унвони мисол, коршиносони утоқи саноат ва бозаргонии Олмон, дар соли гузаштаи милодӣ бо интишори гузорише эълом карданд: “Украина, ки то пеш аз оғози ҷанг ба воридоти гази арзони Русия вобаста буд, акнун бо душвориҳои фаровоне дасту панҷа нарм мекунад. Ин дар ҳоле аст, ки Амрико аз манобеи энержии худ истифода мекунад ва Фаронса ҳам ба нерӯи атомӣ дастрасии кофӣ дорад”.

Ҳадаф аз интишори ин гузориш, иттихози сиёсати заъифсозии Иттиҳоди Аврупо тавассути Амрико аст, ки ҳамзамон бо Русия дар шарафи вуқуъ аст.

Бо мурури иҷмолии ин воқеиятҳо, тардиде боқӣ намемонад, ки иттихози сиёсатҳои ҷангталабонаи давлатмардони Кохи Сафед илова бар тазъифи Русия, метавонад бар фишорҳои Ғарб бар Иттиҳоди Аврупо ва ҳатто Ҷопон бианҷомад. Зеро кишварҳои аврупоӣ ва Ҷопон ба шиддат ба воридоти энержиҳои фусулӣ ниёзманд ҳастанд. Дар ҳоле, ки Амрико аз манобеи кофӣ барои таъмини ниёзҳои худ бархӯрдор аст.

Бо таваҷҷуҳ ба иттихози сиёсатҳои қобили тааммули Амрико ба баҳонаи густариши НАТО сурат мегирад, чунин баназар мерасад, ки сиёсатмадорони Кохи Сафед, занги хатар барои нобудии абарқудрати Ғарбро шунидаанд. Ба ҳамин далел, талош мекунанд то бо монеатарошӣ барои Русия ва Чин, аҳдофи худхоҳонаи худро дар манотиқи стротежии ҷаҳон муҳаққақ созад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад