Таваруми Покистон, паёмади иҷрои шурути Сандуқи байналмиллалии пул

Мувофиқат давлати Покистон бо шароити Сандуқи байнамиллалии пул барои дарёфти қарз, боиси афзоиши қимати маводи ғизоӣ, сухт ва таваруми бесобиқа дар ин кишвар шудааст.

Афзоиши таварум дар Покистон, ки мақомоти давлат пазириши шароити Сандуқи байналиллалӣ барои дарёфти қарзҳои хориҷиро танҳо роҳи ҳифзи сатҳи захоири арзӣ ва рафъи мушкилоти иқтисодии кишвар медонанд.

Илова бар шароити сахти Сандуқи байнамиллалии пул барои ироаи қарз ба Покистон, камбуди маводи ғизоӣ ноши аз сели вайронгари соли гузаштаи ин кишвра низ шароити зиндагиро барои мардум сахтар кардааст.

Давлати Покистон барои ҷилавгирӣ аз варшикастагии иқтисодӣ ва бозпардохти бадеҳиҳои хориҷӣ маҷбур ба идомаи ҳамкори бо Сандуқи байналмиллалии пул барои дарёфти қарз аст, ки ин ниҳоди молии байналмиллалӣ низ шароитеро барои Исломобод тайин кардааст, ки натиҷаи он афзоиши таваруми ин кишвар будааст.

Масоили дарёфти қарз аз ниҳодҳои молии байналмиллалӣ аз ҷумла Сандуқи байналмиллалии пул дасти кам аз як даҳҳаи гузашта то кунун аз ҷумлаи абзорҳои мавриди назари Покистон барои таъмини касрии будҷа ва тасфияи бахше аз бадеҳиҳои хориҷии худ будааст.

Ҳамзамон низ Сандуқи байнамиллалии пул бо Бонки Ҷаҳонӣ дар солҳои ахир ҳаргоҳ, ки бо Покистон дархости қарз аз ин ду ниҳоди моллии байналмиллалиро матраҳ кардааст, хостори иҷрои завобите тавассути ин кишвар шудааст, ки ба илтиҳоби иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ дар Покистон мунҷар шудааст.

Сандуқи байналмиллалӣ борҳо эълом кардааст, ки Покистон барои ин, ки битавонад шароити лозимро барои дарёти қарз эҳзор кунад бояд молиётҳо, қимати ҳомилҳои энержиро афзоиш диҳад ва бо костан аз будҷаи низомӣ ба воқеъи кардани қимат баробари доллар дар муқобили рупия мубодират кунад, ки ин масъала аз назари коршиносони иқтисодӣ ба коҳиши арзиши пули миллӣ дар ин кишвар меанҷомад.

Бинобарин дар соҳлои ахир, давлатҳои вақт дар Покистон ҳамвора аз иҷрои комили завобит ва шароити Сандуқи байналмиллалии пул ё Бонки Ҷаҳонӣ иҷтиноб кардаанд, ки ҳамин масъала сабаб шуда то ин кишвар аз чархаи ҳамкории ин ду ниҳоди моллии байналмиллалӣ хориҷ шавад.

Албатта бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки дар давлатҳои собиқи Покистон ба раҳбарии Навоз Шариф ё пас аз он давраи ҳокимияти ҳизби таҳрики инсофи бархе шурути Сандуқи байналмиллалии пул ба сурати ноқис ба иҷро даромадааст, ки на танҳо муҷиби ҷалби ризояти ин ниҳод шудааст балки бо афзоиши молиёт дар бархе бахшо ва ё афзоиши қимати нафт, бензин ва барқ, сабаби норозияти густардаи мардуми ин кишвара шудааст, ки ин масъала бар санъат ва иқтисодӣ тавлиди меҳвари Покистон низ ба далели асаргузори бар афзоиши қимат тамом шуда, осори манфӣ доштааст.

Дар хусуси исрори Сандуқи байналмиллалии пул бар иҷрои шурути худ тавассути Покистон ин дидгоҳ вуҷӯд дорад, ки дар пушти пардаи ин фишорҳо Амрико қарор дорад, ки мекушад то дар масири ҳамкории Покистон бо Чмн монеъ эҷод кунад.

Коршиноси иқтисоди сиёсӣ ва раиси Пажуҳишкадаи тамаддун ва рушд дар Исломобод мегуяд, далоиле пушти пардаи ин шурурти Сандуқи байналмиллалии пул ба мухолифати Амрико бо широкати иқтисодӣ ва роҳбурди миёни Чин ва Покистон бар мегардад лизо ба сурати мустамир ба Исломобод эъмоли фишор мекунад.

Бинобарин, метавон гуфт, ки адами инъитофи Сандуқи байналмиллалии пул дар қиболи хостаи Покистон барои дарёфти қарз, ноши аз фишорҳои пинҳонии Амрико аст, ки гуфта мешавад ироаи ҷузъиёти марбут ба ҳамкории Чин ва Покистон низ аз ҷумлаи шурути ин Сандуқ аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад