Табодули асирон, таҳаввули муҳим дар ҷанги Яман

Аввалин гурӯҳе аз асирони озод шудаи яманӣ (14-уми апрел) вориди фурӯдгоҳи Санъо шуданд.

Табодули асирон яке аз муҳимтарин меҳварҳои гуфтугӯ миёни тарафайни ҷанг дар Яман аст. Тайи 8 соли гузашта низ ҳар гоҳ музокирот анҷом шуд. табодулоти асирон аз меҳварҳои аслии он буд.

Музокирот дар мавриди парвандаи асирони ҷанги Яман дар 20-уми марти гузашта дар Шветсария поён ёфт ва тайи он тавофуқ шуд, ки дар як амалиёт 706 асир аз Ансоруллоҳ ва 181 асир аз тарафи муқобил аз ҷумла саъудиҳо ва суданиҳо озод шаванд. Асирон шомилии чаҳор даста мешаванд, ки иборатанд аз асирони давлати мустақар дар Яман, асирони давлати мустаъфӣ, асирони Маъраб ва асирони Арабистон ва муздуронаш.

Амалиёти мубодилаи асирони ҷанги Яман қарор буд 19-уми моҳи мубораки Рамазон оғоз шавад, аммо бар асоси эъломи Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх ба далели адами омодагии мутаҷовизон дар ҷабҳаи Муъраб, иҷрои тавофуқи табодулоти Асирон ба таъвитқ афтод. Акунун низ раванди табодулоти асирон дар се марҳила анҷом мешавад. Марҳилаи аввал иҷрои фароянди мубодилоти асирон байни Санъо ва Адан, марҳилаи дуввум байни Санъо ва Риёз ва марҳилаи саввум байни Санъо ва Маъраб хорҳад буд. Дар ин марҳила бештар аз 800 асир озод хоҳад шуд. Ин табодули асирон аз замоне, ки ду тараф дар октябри 2022 беш аз ҳазор асирро озод карданд, муҳимтарин табодули асирон дар Яман ба ҳисоб меояд.

Табодули асирон акунун дар шароите анҷом мешавад, ки яманиҳо ва саъудиҳо барои поён додани ба ҷанг низ дар ҳоли тавофуқ ҳастанд ва тарафайн иродаи ҷиддӣ дар ин хусус аз худ нишон доданд. Бинобар ин тавофуқ барои табодули асирон дар ин қолаб қобили арзёбӣ аст. Анҷоми муваффақиятомези тавофуқи асирон метавонад муқадимае барои ин оташбас ва эъломи расмии поёни ҷанги Яман бошад. Дар воқеъ, табодули асирон заминаи эътимоди тарайнро фароҳам мекунад.

Абдел Барӣ Атван таҳлилгари барҷастаи ҷаҳони араб ва сардабири рӯзномаи фароминтақаии Рай-Ал-Явм дар ёддоште бо ишора ба ин, ки қатъи мудохилаи Ғарб ва Амрико дар парвандаи Яман метавонад мунҷар ба поёни ҷанг шавад, иҷроӣ шудани муъомилаи табодулоти асирон байни тарафайни ин ҷангро гоми муҳим дар раванди итмоми даргириҳо донист.

Мавзуъи муҳими дигар ин аст, ки музокироти марбут ба табодулоти асирон бо миёнҷигари Уммон, ки таҷрӯбаи тӯлонӣ дар ин замина дорад ва ба дур аз мудохилоти байналмиллалӣ шакл гирфт ва муваффақ буд. Ба иборати дигар, тарафайни ҷанги Яман ба давлати Уммон барои миёнҷигарӣ эътимод дошта ва ҳамин эътимод низ сабаби нақшофаринии Уммон дар 8 соли газашта барои миёнҷигарӣ шуд. Миёнҷигарии муваффақи Уммон миёни тарафайни ҷанг дар Яман собит кард, ки бӯҳронҳои минтақаи Ғарби Осиё бо мудохилаи қудратҳои хориҷӣ бадтар хоҳад шуд ва сирфан кишвраҳои минтақа метавонанд барои мудирияти бӯҳронҳо муваффақ амал кунанд.

Табодули асирон зимни ин, ки бо истиқболи густардаи мардуми Яман ҳамроҳ шуд, истиқболи кишварҳои дигарро низ ба ҳамроҳ дошт. Вазири хориҷаи Кувайт зимни истиқбол аз табодулоти асирони байни Шӯрои раёсати Яман ва Санъо, онро иқдоми мусбат барои дастёбӣ ба роҳи ҳалли сиёсии бӯҳрони Яман тавсиф кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад