Кумаки башардӯстонаи Саудӣ ба осебдидаҳои зилзилаи Тоҷикистон

 Сафорати Арабистони Саудӣ ба мардуми осебдида аз зилзила дар шаҳристони Масчоҳи Кӯҳӣ, кумакҳои башардӯстонаи худро ироа кардааст.

Сафорати Арабистони Саудӣ дар душанбе ба мардуми осебдида аз зилзила дар шаҳристони Масчоҳи Кӯҳӣ, воқеъ дар вилояти Суғд маҳмулаи кумакҳои башардӯстона шомили бухорӣ (печка), пату ва зуғоли санг ироа кард.

Абдурраҳмон Рашидон, сафири Арабистони Саудӣ зимни сафар ба ин минтақа ва ҳузур дар маросими эҳдои кумакҳои башардӯстона ба мардуми осебдида, равобити кишвараш ва Тоҷикистонро нек хонд ва гуфт, ки мо тасмим гирифтем дар баробари ҳамкории судманди ду кишвари дӯст дар чорчӯби “барномаи ироаи кумакҳои фаврӣ ба осебдидагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” кумаки худро ба осебдидагони зилзилаи ахир дар Масчоҳи Кӯҳӣ расонем.

Масъулон ва мақомоти марбутаи шаҳристони мазкур дар навбати худ ба сафири Саудӣ дар Тоҷикистон ба хотири ироаи кумак дар чунин лаҳзаи мушкил ба осебдидагони зилзилаи вайронгар дар ин минтақа, изҳори ташаккур карданд.

Сокинони осебдида низ зимни тақдир аз кумакҳои моддии Арабистони Саудӣ барои густариши бештари равобит ва ҳамкориҳои судманд байни ду кишвари дӯст ва саломати сарони Тоҷикистон ва Саудӣ дуои нек карданд.

Гуфтанӣ аст, ки рӯзи гузашта маркази имдод ва иқдомоти башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ ҳамчунин ба хонаводаҳои ниёзманди тоҷик дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон маводи ғизоӣ эҳдо кард.

Сафири Саудӣ дар ҷараёни тақдими кумакҳои ғизоӣ гуфт: “ин иқдом дар чорчӯби ҳамкории башардӯстона Ҷамъияти Ҳилол Аҳмари Тоҷикистон ва маркази имдод ва иқдомоти башардӯстонаи Шоҳ Салмон сурат гирифта ва ироаи кумаки ғизоӣ ба 2 ҳазору 760 хонаводаи ниёзманд дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистонро пешбинӣ мекунад.

Маркази имдоди Шоҳ Салмон дар чорчӯби ин барнома ба хонаводаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Восеъ, Ҷалолуддини Балхӣ ва Варзоб кумаки ғизоӣ мекунад.

Бинобар суханони сафири Арабистони Саудӣ дар Душанбе тамоми маводе, ки ба ниёзмандон ироа мешавад аз бозори дохилии Тоҷикистон харидорӣ шудаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад