Ҳадафи Эрон ихроҷи Амрико аз Ироқу Сурия аст

Раиси ситоди муштараки артиши Амрико гуфт, арзёбии иттилоотии мо нишон медиҳад, ки ҳадафи Эрон ихроҷи Амрико аз Ироқ ва Сурия аст то ба қудрати мусаллат дар минтақа табдил ёбад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Марк Милли, Раиси ситоди муштараки артиши Амрико гуфт, артиши Амрико дар сурати даргирии ҳамзамон бо Русия ва Чин ё бо як қудрати бузург бо сахтиҳое рӯбарӯ хоҳад шуд.

Вай илова кард: “арзёбии иттилоотии мо ин аст, ки ҳадафи Эрон ихроҷи Амрико аз Ироқ ва Сурия аст то ба қудрати мусаллат дар минтақа табдил шавад.”

Марк Милли рӯзи сешанбе ҳам муддаӣ шуда буд, ки Эрон талошҳое барои тавсеаи тавоноии худ барои истеҳсоли силоҳи атомӣ мекунад ва минтақаро ба адами субот таҳдид мекунад.

Раиси ситоди муштараки артиши Амрико илова кард, дар дар сурате, ки Эрон ба тавсеаи силоҳи атомӣ идома диҳад, гузинаҳои мухталифе барои Амрико вуҷуд дорад.

Эрон эълон кардааст, ки барномаи атомии худро бо ҳадафи сулҳомез пайгирӣ мекунад ва ҳеч нияте барои истеҳсоли силоҳи атомӣ надорад.

Ин дар ҳоле аст, ки Амрико танҳо кишваре дар ҷаҳон аст, ки аз силоҳи атомӣ алайҳи башарият истифода бурдааст ва дар ҷанги ҷаҳонии дуюм бо бомбаборони атомии ду шаҳри Ҷопон, даҳҳо ҳазор нафарро куштааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад