Нигаронии саҳюнистҳо аз эҳтимоли вуқуъи баҳори ибрӣ

Дар ҳоле, ки Натаняҳу тарҳи ислоҳи қазоиро муваққатан мутаваққиф кардааст, шахсиятҳо ва расонаҳои исроилӣ аз эҳтимоли вуқуъи баҳори ибрӣ ибрози нигаронӣ карданд.

Исроил дар рӯзҳои ахир шоҳиди бузургтарин тазоҳуроти мардумӣ буд. Бархе расонаҳо аз тазоҳуроти 700 ҳазорнафарӣ алайҳи кабинаи Бинямин Натаняҳу хабар доданд. Расонаҳои арабӣ аз таҳаввулоти арозии ишғолӣ бо унвони баҳори ибрӣ ёд карданд. Ин тавсифи расонаҳои арабӣ бо асабонияти саҳюнистҳо ҳамроҳ шуд.

Рӯзномаи саҳюнистии «Ҳааретс» бо интиқод аз рӯйкарди расонаҳои арабӣ бавижа мисрӣ дар қиболи тазоҳуроти ҷорӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ, эълом кард, ки истифода аз унвони «баҳори ибрӣ» дар пӯшиши хабарии буҳрони феълии режими саҳюнистӣ навъе шок аст. Ин рӯзномаи ибрӣ тавсифи бархе расонаҳо аз таҳаввулоти Тел Авив ба унвони «поёни Исроил»-ро маҳкӯм кард.

Натаняҳу дар вокуниш ба мухолифати густардаи мардум бо тарҳи ислоҳи қазоӣ, аз таваққуфи муваққатии ин тарҳ хабар дод. Нахуствазири режими саҳюнистӣ душанбешаб баъд аз фишорҳои фаровону ройзаниҳои густарда бо раҳбарони эътилоф, аз таваққуфи тарҳи ҷанҷолии худ дар бораи системаи қазоии ин режим хабар дод ва гуфт, тасмим гирифтам, ки тарҳи тағйирот дар системаи қазоиро мутаваққиф кунам ва ба гуфтугу фурсат диҳам.

Бо ин ҳол, ду иқдоми Натаняҳу сабаби нигаронии саҳюнистҳо шуд.

Иқдоми нахуст, барканории вазири ҷанги Исроил буд. Галант, вазири ҷанги кабинаи Тел Авив ва аз ҷумлаи аъзои кабина буд, ки интиқоди худ аз тарҳи ҷанҷолии ислоҳоти қазоиро аланӣ кард. Изҳороти Галант боис шуд то Натаняҳу рӯзи якшанбе (26 март) ӯро барканор кунад. Ин иқдом бо мухолифати густардаи неруҳои артиши режими саҳюнистӣ, ҳимояти онҳо аз вазири ҷанги ин режим ва ҳамчунин ҳушдори шахсиятҳои саҳюнистӣ ҳамроҳ шуд.

Ами Аялон, раиси собиқи Сервиси амнияти умумии Исроил дар ин бора гуфт: «Натаняҳу гоми бузурги дигаре дар роҳи худ барои инҳилоли артишу осеб расондан ба амнияти кишвар бармедорад. Галант беҳтар аз ҳар шахси дигаре раванди хатарноки раҳбарӣ шуда тавассути давлатро дарк кард».

Юлий Эделштейн аз аъзои ҳизби Ликуд ва раиси кумитаи умӯри хориҷӣ ва ҷанги кнессет низ бо ҳушдор дар бораи паёмадҳои барканории Йоав Галант, аз вазорати ҷанги режими саҳюнистӣ, бо баёни инки гузориши нигаронкунандае дар бораи вазъияти амниятӣ шунидаам, гуфт, дар мувоҷиҳа бо вазъияти амниятии феълӣ, бисёр возеҳ аст, ки бигӯем, акнӯн замони муносибе барои тағйирот дар вазорати ҷанг нест.

Иқдоми дувуми Натаняҳу фарохон додан ба ҳомиёни худ барои баргузории тазоҳурот дар ҳимоят аз кабина буд. Ин иқдоми Натаняҳу метавонад бо вокуниши мухолифони басиҷ шуда ҳамроҳ шаваду вуқуъи даргириҳои дохилиро ба ҳамроҳ дошта бошад. Дар ҳамин росто, Нафтали Беннет, нахуствазири собиқи режими саҳюнистӣ низ рӯзи душанбе дар як паёми савтӣ изъон кард, ки « Исроил дар хатарноктарин нуқтаи вуҷӯди худ аз замони ҷанги октябр бо Миср дар соли 1973 ба сар мебарад».

Нуктаи поёнӣ инки таваққуфи муваққати тарҳи ислоҳи қазоӣ ба манзалаи поёни буҳрон дар арозии ишғолӣ нест, балки ба манзалаи талоши Натаняҳу барои ба шикаст кашондани тарҳи “убӯр аз Натаняҳу”аст. Фарохони Натаняҳу ва инсиҷоми мухолифон метавонад заминасози тадовуми буҳрони кунӯнӣ ва воқеият ёфтани баҳори ибрӣ бошад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад