Даргирӣ байни неруҳои Озарбойҷон ва Арманистон

Вазорати дифои Озарбойҷон гузориш дод, ки иқдоми таҳрикомези неруҳои Арманистон боиси табодули оташ байни ду тараф дар Қарабоғи Кӯҳӣ шудааст.

Вазорати дифои Озарбойҷон гузориш дод, ки имрӯз (якшанбе) 5-уми март Арманистон бори дигар ба иқдоми таҳрикомез алайҳи Озарбойҷон даст задааст.

Ин вазорат тайи баёнияе муддаӣ шуд, ки иттилооти амалиётӣ дар бораи интиқоли таҷҳизоти низомӣ ва неру аз Арманистон ба хоки Озарбойҷон ҷое, ки неруҳои ҳофизи сулҳи Русия ба таври муваққат мустақар аст, дарёфт карааст.

Дар идомаи ин баёния омадааст, ки дар пайи талоши неруҳои Озарбойҷон барои мутаваққиф кардани мошини машкук, арманиҳо тирпаронӣ кардаанд. Дар натиҷаи табодули оташ, ду тараф мутаҳаммили захмӣ ва талафот шудаанд.

Тибқи ин гузориш, расонаҳои арманӣ ҳам муддаии талошҳои харобкорона шуданд ва аз се куштаву як захмӣ дар тарафи худ хабар доданд.

Танишу иттиҳомзанӣ байни ин ду кишвари ҳамсоя дар ҳоле аст, ки пештар, сарвазири Арманистон муддаӣ шуда буд, ки Озарбойҷон дар пайи таҷовузи густарда алайҳи ин кишвар аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад