Хашми арабистониҳо аз тарвиҷи фасод дар Макка ва Мадина

Корбарони арабистонӣ бо тарвиҷи ҳаштег алайҳи консерти як гуруҳи мусиқии кореягӣ дар кишварашон хашми худро аз тарвиҷи фасод ба воситаи барномаҳои тафреҳӣ барои ҷавонон аз суи мақомоти Саудӣ нишон доданд.

Ба гузориши Иттиҳодияи уламои мусалмон, корбарони Арабистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз идораи кулли Рифоҳи кишварашон ба далели инки ба як гуруҳи кореягӣ иҷозат дод консерте дар шаҳрҳои Мадина ва Макка баргузор кунад интиқод карданд.

Ба гуфтаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳузури занони узви гуруҳи мусиқии кореягӣ ба номи духтарони “Blackpink” бо либосҳое, ки хилофи арзишҳо ва одобу русуми ҷомеаи Арабистон аст ба қидосати ду сарзамини Мадина ва Макка осеб мезанад.

Ин дар ҳоле аст, ки то ҳол вокунише аз суи мақомоти Идораи рифоҳи Арабистони Саудӣ дар посух ба интиқодҳо содир нашудааст.

Гуруҳе аз фаъолон бо ҳаштеги (#Мардуми Макка ва Мадина-тарвиҷи ҳамҷинсгароиро рад мекунанд) паём гузошта ва мухолифати худ ро бо нуфузи фарҳанги ғалати Ғарб дар ҷомеаи мусалмони Арабистон нишон доданд.

Ҷамъе ҳам хостори бозгашти ниҳоди амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар дар Арабистон ва муҷозоти мақомоте шуданд, ки арзишҳои исломиро дар ин кишвар ба фасод кашидаанд.

Яке аз корбарон бо ишора ба ояти 16 сураи Исро, ки Худованди Мутаол мефармояд:

وَإِذَا أَرَدْنَا أَنْ نُهْلِكَ قَرْيَةً أَمَرْنَا مُتْرَفِيهَا فَفَسَقُوا فِيهَا فَحَقَّ عَلَيْهَا الْقَوْلُ فَدَمَّرْنَاهَا تَدْمِيرًا

Ва ҳар гоҳ бихоҳем аҳли диёреро ҳалок кунем, ба сарватмандони ҳавасрони он фармон медиҳем, пас, дар он ҷо нофармонӣ кунанд, он гоҳ фармон[-и азоб] бар он муҳаққақ шавад; пас, он [диёр]-ро комилан нобуд созем.

Вай афзуд: Эй уммати Муҳаммад бубинед кори сарзамини Макка ва Мадина ба куҷо расидааст.

Корбари дигаре навишт: чунин ҷашнҳое, ки аз ҳамҷинсгароӣ ҳимоят мекунад одобу русуми ҷомеаи Арабистонро ба баҳонаи пешрафту иртибот бо дунё нобуд мекунад.

Гуруҳи овози Кореягии духтарони “Blackpink” барои аввалин бор дар Риёз, пойтахти Арабистон консертеро дар ҷиҳати фаъолиятҳои тафриҳӣ иҷро кард, ки ҷанҷоли густардаеро дар Арабистон дар пай дошт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад