Муқовимати Фаластин ба ҳамалоти Исроил посух дод

Субҳи имрӯз ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ ба аҳдофе дар Навори Ғазза ҳамла бурданд, ки бо вокуниши муқовимати Фаластин рубару шуданд.

Гуруҳҳои муқовимати Фаластин субҳи имрӯз дар вокуниш ба ҳамалоти ҷангандаҳои Исроил ба шаҳракҳои атрофи Навори Ғазза мушак шиллик карданд.

Мақомоти режими саҳюнистӣ эълон карданд, ки ҳадди ақал ду мушак аз Навори Ғазза ба суи шаҳракҳои исроилӣ шиллик шудааст, ки ин мушакҳо талафоте ба ҳамроҳ надоштааст.

Бархе манобеи фаластинӣ гузориш доданд, ки падофанди зидди ҳавоии муқовимат бо ҳавопаймоҳои исроилӣ дар ҷараёни ҳамалоти субҳи имрӯз ба Навори Ғазза муқобила карда ва ба самти онҳо оташ кушодааст.

Дар пайи ҳамлаи рӯзи гузаштаи низомиёни саҳюнистӣ ба урдугоҳи Ҷанин ҳадди ақал 9 фаластинӣ кушта ва 20 нафар ҳам захмӣ шуданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад