Муборизаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбакистон бо фасод

Масоили таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Узбакистон дар заминаи муборизаи муштарак бо фасод ва ҷиноятҳои иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд.

Масоили таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Узбакистон дар заминаи муборизаи муштарак бо фасод ва ҷиноятҳои иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд.

Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо Дилшод Раҳимов, сардори раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии Додситонии кулли Ӯзбекистон мулоқот кард.

Бино ба иттилоъи ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, ин нишаст дар бинои дастгоҳи марказии Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ баргузор шуд.

Зимни мулоқот таваҷҷуҳи ҷонибҳо ба таҳкими муборизаи муштарак бо коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодӣ, аз ҷумла фасод дар сатҳи фаромиллӣ равона карда шуд.

Дар робита ба ин, ҷонибҳо Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Додситонии кулли Ӯзбекистонро дар соҳаи мубориза бо Коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодӣ барои солҳои 2023-2024.

Таъкид шуд, ки имзои ин тарҳ барои такмили минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд шароити мусоид фароҳам меорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад