Яҳудиҳо мошинҳои фаластиниҳоро оташ заданд

Яҳудиҳои шаҳракнишин дар фаластини ишғолӣ дар идомаи ҳамлаҳои худ алайҳи шаҳрвандони фаластинӣ, чанд мошини фаластиниҳоро дар вилояти Қудс оташ заданд.

Бар асоси гузоришҳо, субҳи имрӯз яҳудиҳои Исроил 8 мошини фаластиниро дар ду минтақаи Қудс оташ заданд.

Шаҳракнишинон яҳудӣ ҳамчунин иборатҳои нажодпарастонаеро ҳам бар руи девори хонаҳои фаластиниҳо навиштаанд.

Рӯзи гузашта низ низомиёни саҳюнистӣ барои таъмини амнияти шаҳракнишинон иқдом ба тирандозӣ ба самти фаластиниҳо карданд, ки дар пайи он як наврас ба шаҳодат расида ва теъдоде ҳам захмӣ шуданд.

Тайи чанд моҳи охир ҳамлаҳои низомиёни саҳюнист ба шаҳрҳои Каронаи Бохтарӣ ва боздошту ба шаҳодат расондани фаластиниҳо ба шиддат афзоиш ёфтааст.

Режими яҳудии Исроил ҳамеша аз рӯйдодҳое ба монанди Ҷоми Ҷаҳонӣ, ки таваҷҷӯҳи мардуми дунёро ба худ ҷалб мекунад суи истифода карда таҷовузҳои худро афзоиш додааст, аммо имсол бисёре аз мусулмонони ҷаҳон талош кардаанд, ки ин ҷом сабаби фаромушии миллати Фаластин, ки чандин даҳааст зери зулму таҷовузи яҳуд ҳаст, нашавад.

Миллионҳо мусулмони фаластинӣ даҳҳо сол аст, ки таҳти шароити низомӣ зиндагӣ мекунанд ва ҳар рӯз шоҳиди нақзи ҳуқуқи худашон ҳастанд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчунон дар баробари иқдомоти золимонаи Исроил сукут кардааст, ки ин ба маънои ризоят аз иқдомоти режими ишғолгар дар сарзамини фаластин аст.

ЯҳудиҳоЯҳудиҳо

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад