Талоши расонаҳои ғарбӣ барои боварпазир кардани қасди Эрон барои ҳамла ба Арабистони Саудӣ

Гарчӣ Арабистони Саудӣ тайи панҷоҳ рӯзи гузашта саъй карда дастикам дар фазои расонаӣ ҳеҷ гуна мавзеъгирии манфӣ нисбат ба таҳаввулоти дохилии Эрон надошта бошад, лекин тақрибан ҳеҷ гуна ибҳоме дар хусуси нақши ғайрисозандаву хасмонаи ин кишвар дар иғтишошоти ахир дар Эрон вуҷуд надорад.

Рӯзи сешанбе рӯзномаи амрикоии “Вол Стрит Журнал” бо интишори хабаре муддаӣ шуд, Риёз иттилоотеро ба Вашингтон ироа дода, ки аз эҳтимоли ҳамлаи Эрон ба аҳдофе дар дохили хоки Арабистони Саудӣ тайи рӯзҳои оянда хабар медиҳад.

Дар ин ёддошт иддао шуда, артиши Амрико ва дигар неруҳо дар минтақаи Ғарби Осиё сатҳи омодабошро афзоиш додаву омодаи ҳар гуна иттифоқе дар ин хусус ҳастанд.

Ин хабар гарчӣ то ин лаҳза вокунише аз сӯи мақомоти Риёз дар пай надошта, аммо Нед Прайс, сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико асри сешанбе дар нишасти хабарии худ дар посух ба ин суол, ки оё ба шаҳрвандони амрикоӣ дар бораи ин таҳдид дар Арабистони Саудӣ иттилоъ дода шудааст, гуфт: Ман аз ҳеҷ гуна ҳушдори консулӣ иттилое надорам.

Суоли муҳиме ки дар ин хусус матраҳ аст, ин ки интишори чунин хабаре аз сӯйи як расонаи амрикоӣ бо собиқаи интишори ахбори ғайримувассақ дар ин бозаи замонӣ чӣ далеле метавонад дошта бошад?

Интишори қасди ҳамлаи Эрон ба аҳдофе дар Арабистони Саудӣ дар ҳоле матраҳ мешавад, ки тайи ҳафтаҳои ахири эътирозот пас аз фавти Маҳсо Аминӣ бо таҳрики расонаҳои вобаста ба саудӣ ва бархе аносиру гуруҳҳое, ки аз сӯи Риёз ва бархе кишварҳои ғарбӣ пуштибонӣ мешаванд, мунҷар ба шаклгирии иғтишош дар бархе шаҳрҳои Эрон шуд.

Агарчӣ Арабистони Саудӣ тайи панҷоҳ рӯзи гузашта саъй карда, дастикам дар фазои расонаӣ ҳеҷ гуна мавзеъгирии манфии нисбат ба таҳаввулоти дохилии Эрон надошта бошад, лекин дар сатҳи афкори умумии дохилӣ ва ҳамчунин коршиносони мустақили сиёсӣ дар минтақа ва ҳавзаи байналмилалӣ, тақрибан ҳеҷ гуна ибҳоме дар хусуси нақши ғайрисозандаву хасмонаи Арабистон дар иғтишошоти ахир, ки бо садамоти моддиву инсонии таассуфборе ҳамроҳ буд, вуҷуд надорад.

Дар чунин шароите вуҷуди мутолиботи мардумӣ ва ҳамчунин ақлонияти ҳукмронӣ бар пояи таъмини ҳаддиаксарии манофеъ ва амнияти миллӣ эҷоб мекунад, ки кишвари мавриди ҳадаф аз абзорҳои танбеҳии худ барои посухгӯӣ ба шароратҳову хусуматҳои пайдову пинҳон баҳра бурдаву дандони тамаи ононро бикашад.

Интишори хабари “Вол Стрит Журнал”, ки ҳеҷ гуна мустанаде барои таъйиди он ироа нашуда, дар воқеъ талоше барои ҷараёнсозии хабарӣ бар бистари усулии пазируфташудае чун «дифои машруъ» аст, ки албата ба далоиле ки зикри он рафт, зариби боварпазирии болое назди афкори умумӣ низ дорад.

Имрӯз пас аз гузашти 43 сол аз истиқрори низоми ҷумҳурии исломӣ дар Эрон ва убури муваффақи кишвар аз сахттарину печидатарин буҳронҳое, ки ҳар кадом аз онҳо барои фурӯпошии як низоми қудратманд кофӣ аст, ҳамаи тарафҳо бояд ба қудрати мардумӣ ва инсиҷоми сохтории низом вуқуф ёфта бошанд.

Таҷрибаи солҳои гузашта нишон дода, ки баҳра гирифтан аз ҳар равише ба ғайр аз эҳтирому риояти усули пазируфташуда дар муносиботи ҳамсоягӣ ва байналмилалӣ дар мувоҷеҳа бо Эрон ба таври қатъ ба ғайр аз зиёну хусрон дастоварди дигаре барои тарафи мутаваҳҳим ба дунбол нахоҳанд дошт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад