Бозгашти Натанёҳу ба қудрат

Натоиҷи эълон шуда аз бисту панҷумин интихоботи парлумонии Исроил ҳоки аз бозагшти Бенёмин Натанёҳу ба қудрат то ҳамроҳии ифротгароёни яҳудӣ аст.

Панҷумин интихоботи парлумонии Исроил дар камтар аз чаҳор соли ахир рӯзи якуми ноябр баргузор шуд. Вижагии шохиси ин интихобот ин буд, ки Бенёмин Натанёҳу раҳбари ҳизби Ликуд ва нахуствазири собиқе, ки тӯлонитарин даврони нахуствазири дар Исроилро дар ихтиёр дошт, талош кард пас аз як солу ним бори дигар ба қудрат бозгардад. Натониёҳу аз соли 1996 то соли 1999 ва сипас аз соли 2009 то соли 2021 ҷамъан ба муддати 15 сол нахуствазирии Исроилро бар уҳда дошт. Дар чаҳор интихоботи гузашта, руқабои Натанёҳу талош мекарданд вайро аз раъси қудрат ҳазф кунанд ва дар ин интихобот Натанёҳу барои бозгашт ба қудрат талош кард.

Натоиҷи эълом шуда ҳоки аз ин аст, ки Натанёҳу ва муттаҳидонаш муваффақ шудаанд дасти кам 65 курсии парлумони 120 нафарии Исроилро дар ихтиёр гиранд. Барои ташкили кабина, касби 61 курсии парлумони кофи аст ва акунун Натанёҳу ин фурсатро дорад, ки бидуни ихтилоф бо мухолифон ва руқабои сарсахти худ, кабинаи ҷадидро ташкил диҳад. Далоили мутаъадиде дар бораи чароии муваффақият Натанёҳу ва муттаҳидонаш дар интихоботи якуми ноябри 2022 вуҷӯд дорад, аммо ба назар мерасад се далел аҳамияти бештаре дорад.

Нахуст инки, руқабои Натанёҳу яъне Нафтали Беннет ва Яир Лопид нишод доднад, ки ҳатто барои муддати як сол ҳам тавони боқӣ мондан дар раъси қудратро надоранд ва кабинаи эътилофии онҳо , ки бисёр номунсаҷим буд пас аз як сол фурупошид. Ин дар ҳоле аст, ки Бенёмин Натанёҳу пеш аз он барои муддати 12 сол мутаволи нахуствазири Исроилро бар уҳда дошт.

Дуввумин далел ин аст, ки гурӯҳои арабӣ нишон доданд, ки ҳузӯри онҳо дар кобинаи Исроил на танҳо аз диди аъроби сокини Ирози ишғолӣ пазимруфта нест балки ин ҳузӯр ҳатто ба амнияти бештари фаластиниҳо ва аъроби Ирози ишғолӣ мунҷар нашуд чаро, ки кобинаи Яир Лопид бо ҳузӯри аъроб ҳамлаи се рӯза алайҳи борикаи Ғазза анҷом дод, ки ҳудуди 400 шаҳид ва захмӣ дошт. Бинобарин дар миёни гурӯҳи араби шикоф ба вуҷӯд омада ва се феҳристи муҷазо дар интихобот ширкат карданд ва аърби сокини Ирози ишғолӣ низ дар ин интихоботи якуми ноябр мушорикати поини доштанд ба наҳве, ки шумори курсиҳои аъроб дар парлумони Исроил аз 15 ба 5 курси коҳиш пайдо кард.

Саввумин далели шикасти руқабои Натанёҳу ин аст, ки шахси Натанёҳу савор ба маҷви эҷод шуда алайҳи кобинаи эътилофии Беннет ва Лопид шуд ва бо таваҷӯҳ ба инки тулонитарин даврони нахуствазирии Исроилро дар ихтиёр дорад ва аз онҷое, ки барои аввалинбор дар 13 соли гузашта ба унвони нахуствазири феъли номзади интихобот нашуда буд, фурсати кофи барои басиҷи афкори умуми ба нафъ худ ва муттаҳидонашро дар ихтиёр дошт. Натанёҳу дар як солу ними гузашта аз ҳама абзорҳо барои нокоромад нишон додани кабинаи эътилофии ва фурупошидани он баҳра гирифт ва ҳатто пештози муътаризон дар тазоҳурот алайҳи кабина ҳаракат кард.

Чаҳорумин далел низ марбут ба тақвияти ҷойгоҳи яҳудиёни ифротӣ дар сохти қудрати Исроил аст, ба наҳве, ки ин ҷараён мутобиқи оморҳо муваффақ шуд 14 то 16 курсии парлумониро касб кунад. Эъттилофи рости ифротии мавсум ба саҳюнизми динӣ дар зумраи муттаҳиддини Натанёҳу ҳастанд.

Бо вуҷӯди бозгашти Натанёҳу ба қудрат, аммо ҳанӯз наметавонад аз поёни бунбасти сиёсӣ дар Ирози ишғолӣ ва умри 4 солаи парлумон сухан гуфт зеро бисёре аз саҳани сиёсии Фаластини ишғолӣ дар бораи хатароти ноши аз қудрат гирфтани ростгароёни ифроти ҳушдор медиҳанд, ҳушдоре, ки метавонад заминаи фурупошии кабинаи Натанёҳу ҳам фароҳам кунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад