Ҳушдори ҷиддии Русия ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия сари вақт тарк кардани шаҳрвандони хориҷиро, ки сабти муҳоҷирати худро тамдид накардаанд, назорати ҷиддӣ хоҳанд кард.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия сари вақт тарк кардани шаҳрвандони хориҷиро, ки сабти муҳоҷирати худро тамдид накардаанд, назорати ҷиддӣ хоҳанд кард.

Шурӯъ аз 12 октябр шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ бояд Русияро тарк кунанд ё будубоши худро расман ба қайд бигиранд.

Идораи вазорати корҳои дохилии вилояти Калугаи Русия хабар додааст, ки фармони дахлдорро раисиҷумҳури Русия Владимир Путин имзо кардааст.

Тибқи иттилои ин ниҳоди қудратӣ, кормандони милитсия ҳангоми ошкор намудани қонуншиканӣ аз сӯйи муҳоҷирон онҳоро тибқи қонунгузории амалкунанда ба ҷавобгарӣ хоҳанд кашид.

Ба иттилои Идораи ВКД Калуга, дар ин минтақа теъдоди шаҳрвандони хориҷӣ дар як сол коҳиш ёфтааст.

Ҳоло дар ин минтақа ҳудуди 12 ҳазор муҳоҷир ба таври доимӣ ва муваққатӣ ба сар мебаранд.

Тибқи иттилои ин ниҳод, аз соли 2021 инҷониб шумораи онҳо қариб 3 маротиба кам шудааст.

Дар ҳамин ҳол, 66 дарсади шумори умумии муҳоҷирони сабтиномшуда расман соҳиби кор шудаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад