Талаби 8 соли зиндон барои Абдуллоҳ Ғурбатӣ, журналисти тоҷик

Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон хабар додааст, ки одситон барои Абдуллоҳ Ғурбатӣ 8 соли зиндони низомаш пурзӯр талаб намудааст.

Гуфта мешавад, ки суд ҳамаи талабу дархости Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва вакили дифоъашро дар хусуси “даъвати шоҳиди иловагӣ, пешниҳоди наворҳои атрофи бинои шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шоҳмансур, ки дар он эҳтимоли ҳамлаи журналист ба кормандони милиса сабт шудааст” рад кардааст.

Мурофиаи Абдуллоҳи Ғурбатӣ, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик, рӯзи 29 сентябр паси дарҳои баста идома кард, вале на додрас ва на вакили мудофеъ ҷузъиёти онро шарҳ надоданд. Тибқи иттилои Радиои Озодӣ, дар мурофиаи рӯзи панҷшанбе масъалаи пахши навори таблиғӣ дар Ютуб ва гирифтани маблағ аз як соҳибкори тоҷик дар Миср баррасӣ шудааст.

Мурофиаи дувуми Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар бинои Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе оғоз ва то нимарӯз идома кард. Ба мурофиа танҳо вакили мудофеъ ва як шоҳидро роҳ доданд.

Додрас Беҳрӯз Шафо ва вакили мудофеъ Абдураҳмон Шарифов баъди анҷоми мурофиа аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ карданд. Вакили дифоъ танҳо гуфт, то бегоҳ дар бораи ҷузъиёти мурофиаи имрӯз хабарномае пахш хоҳанд кард.

Тибқи иттилои манбаъ, додгоҳ рӯзи 29-уми сентябр масъалаи гирифтани маблағ аз як соҳибкорро баррасӣ кардааст. Сухан дар бораи таблиғи ширкати «Элнур» (Elnor) меравад, ки ба гуфтаи мақомот роҳбараш Идибек Латипов, дар «рӯйхати сиёҳ»-и Бонки Миллии Тоҷикистон ва дар қатори «шахсони моил ба терроризм» аст. Худи Идибек Латипов рӯзи 29-уми июл дар тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз соли 2007 боз дар Миср кору зиндагӣ дорад ва иттиҳоми мақомотро нисбати худ «беасос» номид.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар додгоҳ гуфтааст, намедонист, ки номи роҳбари “Элнур” Идибек Латипов дар рӯйхати шахсони мамнуъ аст.

Пас аз анҷоми мурофиаи дуюм судя ва вакили дифои Абдуллоҳ аз шарҳи ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ худдорӣ намуданд.

Дар мурофиаи аввал низ ба касе иҷозаи вуруд ба мурофиаро надода буданд. Танҳо ҳамсари Абдуллоҳ ҳамчун шоҳид ба мурофиа даъват гардид ва пас аз шоҳидӣ, толорро тарк намуд.

Нахустин мурофиаи додгоҳии Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 21-уми сентябр баргузор шуд. Дар мурофиаи аввал се корманди Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур алайҳи Абдуллоҳи Ғурбатӣ шоҳидӣ доданд. Маъмурони милиса даъво доранд, ки Ғурбатӣ рӯзи 15-уми июн дар бинои ШКД-и Шоҳмансур ба онҳо ҳамла ва таҳқир кардааст. Аммо ба гуфтаи ширкатдорони мурофиа, Ғурбатӣ даъвои кормандони милисаро беасос гуфтааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад