Идомаи исломситезӣ дар Аврупо

Расонаҳои хабарӣ аз тасмими мақомоти Фаронса барои бастани дари масҷиде дар минтақаи Басс Рин дар шимоли ин кишвар хабар доданд.

Вазорати кишвари Фаронса имомҷамоъати масҷиди Обернай дар минтақаи Басс Рин воқеъ дар шимоли ин кишварро ба ифротгароӣ ва тундравӣ муттаҳам карда ва эълон кард, ки ин масҷид ба зудӣ баста мешавад.

Ба гузориши шабакаи BFM, Вазорати кишвари Фаронса шаби чоршанбе дастури оғози корҳои бастани ин масҷидро содир кардааст.

Вазорати Фаронса ҳамчунин имомхатиби ин масҷидро ба иҷрои фаъолиятҳои ифротӣ, иттихози мавзеи хасмона алайҳи ҷомеаи Фаронса ва изҳори назарҳои таҳрикомез алайҳи арзишҳои ҷумуҳрии ин кишвар муттаҳам кард.

Исломситезӣ

Мақомоти ин кишвар гузориш додаанд, ки дар ду соли гузашта ин кишвар 23 масҷидро бо гумони фаъолиятҳои ифротӣ бастаанд.

Бар асоси гузориши мақомоти ин кишвар, амалёти бастани масоҷид дар Фаронса ба дастури Эммануэл Макрон, президенти ин кишвар сурат мегирад.

Қобили зикр аст, ки Париж ба далели ҳадаф қарор додани мусулмонон ва ба ҳошия рондани онҳо, аз суи ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ба вижа СММ мавриди интиқод қарор гирифтааст.

Мутаассифона дар солҳои ахир Исломситезӣ ва динситезӣ дар кишварҳои аврупоӣ ва ғарбӣ густариш ёфта ва илова бар инки мусулмонон аз суи давлатҳо бо маҳдудиятҳо ва ҷаримаҳое рӯ ба рӯ мешаванд нисбат ба сокини ин кишварҳо анвои иҳонатҳо ва беҳурматиҳо сурат мегирад.

Исломситезӣ

Дар ҳамин бора Ҳиба Ҷамол, рӯзноманигори фалстинӣ-амрикоӣ изҳори назар карда дар Твиттер аз густариши нажодпарастӣ ва Исломситезӣ алайҳи мусулмонон дар ҷавомеи аврупоӣ ва ғарбӣ дар солҳои ахир гуфтааст.

Вай дар Твиттер навишт: Мусулмон будан дар Олмон маънои инро дорад, ки ё бояд аз хона хориҷ ва борҳо мавриди беҳурматӣ қарор бигирӣ ва ё дар хона бимониву шахсият ва истиқлоли худро аз даст бидиҳӣ.

Ҳиба Ҷамол навиштааст: фикр намекунам бешавҳарам ё ҳадди ақал яке аз аъзои хонаводаам битавонам аз хона хориҷ шавам. Ҳар боре, ки ба берун меравам як олмонӣ вазифаи худ медонад, ки ба ман бигӯяд аз ман безор аст.

Ин рӯзноманигори фаластинӣ, ки дар Амрико ба дунё омадааст мегӯяд, ду сол аст, ки дар Олмон зиндагӣ мекунад ва ин кишвар даҳшатнок аст. Замоне, ки ман бо писарам дар хориҷ аз хона ҳастам чандин бор мавриди беҳурматӣ қарор мегирам, аммо замоне, ки бо шавҳарам ҳастам касе ҷуръат ва шаҳомати беэҳтиромӣ кардан ба манро надорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад