HRW хостори озодсозии Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбати

Human Rights Watch HRW (Дидбони ҳуқуқи башар), созмони маъруфи ҳомии ҳуқуқи инсон ҳам аз мақомоти Тоҷикистон хост рӯзноманигорон-блогерҳо Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатиро билофосила озод кунад.

Human Rights Watch HRW (Дидбони ҳуқуқи башар), созмони маъруфи ҳомии ҳуқуқи инсон ҳам аз мақомоти Тоҷикистон хост рӯзноманигорон-блогерҳо Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатиро билофосила озод кунад.

Қаблан созмони ҳимоя аз журналистони Reporters sans frontières (хабарнигорони бидуни марз) низ чунин талабе пеш оварда буд.

Дидбони ҳуқуқи башар гуфтааст ду рӯзноманигори тоҷик ба хотири фаъолияти касбиашон боздошт шудаанд. Ин созмон ҳамчунин аз мақомоти тоҷик хостааст, ки фишор ба расонаҳо ва хабарнигоронро поён диҳад.

Сийнат Султоналиев, муҳаққиқи HRW гуфтааст, «танқиди ниҳодҳои давлатӣ ҷиноят нест ва барои ҳамин блогерон бояд фавран озод шуда, иттиҳомҳо алайҳи онҳо бекор карда шавад». Мақомот ба ин изҳорот ҳанӯз вокуниш накардаанд.

Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 15-уми июн аз сӯи маъмурони Додситонии ноҳияи Шоҳмансури Душанбе боздошт шуданд. Далери Имомалӣ ба соҳибкории ғайриқонунӣ, дуруғпароканӣ ва узвият дар созмонҳои мамнуъ гумонбар мешавад. Абдуллоҳ Ғурбатиро ба латту кӯби як корманди пулис гумонбар медонанд. Далери Имомалӣ иттиҳомро қисман қабул кардааст, аммо Абдуллоҳ Ғурбатӣ онро қатъиян рад кардааст.

Дар изҳороти созмони HRW ҳамзамон аз таъқибу фишори рӯзноманигорон дар Тоҷикистон дар як моҳи ахир нигаронӣ шудааст. Аз ҷумла, ин созмони ҳуқуқи башар менависад, мақомоти тоҷик дар моҳи ахир блогер Хушом Гулом ва рӯзноманигор Улфатхонум Мамадшоеваро боздошт карданд. Ҳар ду аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд, ки дар онҷо танишҳо байни сокинони маҳаллӣ ва нерӯҳои интизомии Тоҷикистон дар ҷараёни эътирозҳои моҳи май авҷ гирифт.

Сарҳанги пешини амният ва рӯзноманигори пешин Мамадсултон Мавлоназаров (Муҳаммади Султон) низ бинобар интиқодҳояш аз раҳбари феълии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва шеваи бархӯрди ҳукумат бо тазоҳуроти ахир дар Бадахшон, боздошт шуд. Пайвандонаш гуфтанд, баъди се рӯзи бурда шуданаш ӯро дар боздоштгоҳи Раёсати корҳои дохилии Душанбе пайдо кардаанд.

Дар изҳороти HRW ҳамчунин аз ҳамла ба хабарнигорони Радиои Озодӣ ва телевизиони «Настояшее время» ёд шудааст.

Дар изҳороти HRW омадааст :

«Ҳукумати Тоҷикистон бояд ба озодии баён эҳтиром гузорад ва монеагузорӣ барои фаъолияти касбии рӯзноманигоронро қатъ кунад. Ҳамкорони минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бояд аз Тоҷикистон талаб кунанд, ки ӯҳдадории худро дар самти ҳуқуқи инсон риоя кунад».

Сийнат Султоналиев, муҳаққиқи HRW гуфтааст, назарҳои интиқодӣ барои ҷомеаи демократӣ муҳим аст ва фишор болои ин назарҳо поймол кардани ҳуқуқи инсон аст.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ солҳост, ки ҳукумати Тоҷикистонро барои поймол кардани ҳуқуқи инсон танқид мекунанд. Аммо мақомоти тоҷик ҳамвора ин танқидҳоро рад карда, гуфтаанд, ҳуқуқи инсон ва озодии баён дар Тоҷикистон таъмин аст.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Раҷаби Мирзо, журналисти шинохтаи тоҷик ва маъмури “Ахбор барои афкор”, яке аз пуртарафдортарини гуруҳҳо дар сегменти тоҷикии Фейсбук, рӯзи 16 июни соли 2022 бо нашри як муроҷиатнома ба унвони Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, хостори ба қазияи таъқибу боздошти хабарнигорон Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳи Ғурбатӣ дахолат кардани Рустами Эмомалӣ шуд.

Раҷаби Мирзо иттиҳоми насупоридани андоз ба зидди Далери Имомалӣ ва гӯё ба корманди милитсия муқобилият нишон додани Абдуллоҳи Ғурбатиро дур аз воқеият номида, навиштааст, Далери Имомалӣ ҷое фирор накардааст ва ҳатто баъди қазияҳои ахир ҳам аз кӯчаҳои Душанбе ва навоҳии дигари Тоҷикистон видеогузориш мекард. Ҳамин тавр, ба навиштаи Раҷаби Мирзо, “Абдуллоҳ Ғурбатӣ низ ончунон тануманд нест, ки тавонад бо корманди милиса сар ба сар шавад. Ин бар иловаи оне, ки ахлоқи хуб дошта, аз ҳуқуқи худу дигарон хуб огоҳӣ дорад”.

Муаллиф менависад,  “дар натиҷаи чунин мавқеъгириҳои мақомот, ки мутмаинем аз бедалелии онҳо бармеояд, обрӯи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, хоса шаҳри Душанберо, ки Шумо барои имиҷи мусбати он талош доред, коҳиш хоҳад ёфт”.

Раҷаби Мирзо хотиррасон кардааст, ки  бархе аз гурӯҳҳои мухолифи дар хориҷ қарордошта фаъолиятҳои Далери Имомалӣ, Абдуллоҳи Ғурбатӣ ва чанд журналисти мустақили дигарро “проекти Рустами Эмомалӣ” “ба хотири нишон додани демократия дар Тоҷикистон” арзёбӣ карда, ба фаъолияти онҳо нобоварона баҳо медоданд.

Вай навиштааст: “Яъне онҳо мардуми дохилу хориҷи мамлакатро “бовар кунонидан” мехоҳанд, ки дар Тоҷикистон ҳеҷ гуна нишонаҳое аз демократия ва озодии сухан вуҷуд надорад. Мо ба ин назарем, ки ин ду нафар самимонаву содиқона ва беғаразона рисолати касбии худро иҷро мекарданд ва исбот менамуданд, ки дар дохили кишвар ҳоло ҳам василаҳои гуфтани воқеиятҳо вуҷуд дораду барои гуфтани “ҳақиқат” набояд ба гурӯҳҳои иртиҷоиву мухолиф рӯ овард. Дар сурати ниқорталабона муносибат кардани мақомоти Тоҷикистон ба ин ду нафар, танҳо онҳо ба нерӯҳои беруна далел хоҳанд доду бас”.

Ӯ аз Рустами Эмомалӣ хостааст, ки назорати қазияи мазкурро шахсан ба зимма бигирад, “то “шахсони манфиатдор”, ки обрӯи худро аз давлат ва ҳукумат бештар медонанд, махсусан дар ҳоли ҳозир, ки минтақаи мо зери бархӯрдҳои ноаён, аммо шадиди геополитикиву геостратегӣ қарор дорад, сӯистифода карда натавонанд. Зимнан, хабари боздошти ин ду фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ норозигии зиёд ва ноумедиро ба бор овардааст, ки метавонад аз ин ҳолат ҳар нерӯи манфиатхоҳу ғаразкор суистифода намояд. Бовар дорем масъала то ин ҳад нахоҳад рафт…”

Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки пиромуни масоили доғи ҷомиа видеогузоришҳо таҳия ва нашр мекарданд, рӯзи 15 июн дастгир шуданд.  Рӯзи 16 июн эълон шуд, ки Далери Имомалӣ ба напардохтани андозҳо аз фаъолияташ ҳамчун блогер ва паҳн кардани ахбори бардурӯғ айбдор мешавад ва Абдуллоҳ Ғурбатиро ба ҳамла ба корманди милитсияи ноҳияи Шоҳмансур гунаҳкор мекунанд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, дар пайи ин қазия додситони ноҳияи Шоҳмансур Парвиз Ашӯриён истодааст. Ин додситони 38-сола писари вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён ва домоди раиси Додгоҳи олӣ Шермуҳаммади Шоҳиён будааст.

Ин бори аввал нест, ки фарзандони роҳбарони баландпояи Тоҷикистон бо рафтори худ ба обрӯву эътибори волидони худ зарба мезананд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад