Натоиҷи раъйпурсии пайвастани Донбасс ба Русия муайян шуд

Аксарияти раъйдиҳандагони ҳамапурсии Донетск ва Луҳанск аз пайвастан ба Федератсияи Русия пуштибонӣ карданд.

Расонаҳои Русия гузориш доданд, ки аксарияти раъйдиҳандагони ҳамапурсии Донетск ва Луҳанск аз пайвастан ба Федератсияи Русия пуштибонӣ карданд.

Бар асоси ин гузориш, натоиҷи муқаддамотӣ нишон медиҳад, ки дар ҷумҳурии мардумии Донетск беш аз 99 дарсади интихобкунандагон хостори пайвастан ба Русия ҳастанд. Натоиҷи шабеҳ дар Луҳанск ҳам ба даст омад ва беш аз 98% аз ин ақида пуштибонӣ карданд.

Масъулони ҳарду минтақа гуфтаанд, ки тақрибан ҳамаи оро шуморида шудаанд. Ба ҷуз ин ду вилоят, ин ҳамапурсӣ дар Запорожа ва Херсон дар ҷануби Украина низ баргузор шуд.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки шумориши 14 дарсади раъйҳои дар Херсон додашуда нишон дод, ки 96,97 дарсади интихобкунандагони ин минтақа ба тарафдории пайвастан ба Федератсияи Русия раъй додаанд. Дар вилояти Запорожа назарсанҷии 18 дарсади оро нишон дод, ки 98,19 дарсади ширкаткунандагони раъйпурсӣ мехоҳанд ба Русия ҳамроҳ шаванд.

Натоиҷи расмӣ нишон медиҳад, ки дар Донетск ва Луганск мизони ширкат дар интихобот беш аз 80 дарсад будааст. Ин ду минтақа баъд аз табаддулоти аз сӯи Ғарб бо номи “табаддулоти Майдон” истиқлолияти худро аз Киев эълон карданд.

Украина ва кишварҳои ғарбӣ раъйпурсиҳоро қалбакӣ меноманд ва иддао доранд, ки натоиҷи ин ҳамапурсӣ пешакӣ муайян шудааст.

24 феврали соли 2022 пас аз эътирофи истиқлоли ин ду ҷумҳурӣ аз Украина, Путин аз оғози “амалиёти махсуси низомӣ дар Украина” хабар дод ва ҳадафи худ аз ин амалро нозизудоии Украина, халъи силоҳи ин кишвар ва нигарониҳои амниятии худ ва қабули дархости Луҳанск ва Донетск барои кӯмак эълон кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад