Овора шудани беш аз 1 миллион нафар дар Мянмар

Бар асоси эъломи муъовини Кумиссари ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид, пас аз табаддулот дар ин кишвар беш аз як миллион нафар дар Мянмар овора шудаанд.

Бар асоси гузориши Созмони Милали Муттаҳид, аз замони табаддулот дар Мянмар дар моҳи январи 2021 то ҳол, беш аз як миллион нафар овора шудаанд.

Тибқи ин гузориш, дар пайи ин даргириҳо беш аз як миллион нафар маҷбур ба тарки хонаҳои худ шуда ва беш аз 45 ҳазор нафар ҳам ба кишварҳои ҳамсоя паноҳ будаанд.

СММ гузориш дод, ки артиши Мянмар аз замони табаддулот ба хушунат алайҳи ғайринизомиён идома додааст ва ин созмон эълон кард, ки 2 ҳазору 316 ғайринизомӣ аз қабили 118 кӯдак, дар натиҷаи ҳамалоти артиш ҷони худро аз даст додаанд; 15 ҳазору 607 нафар боздошт шуда ва 12 ҳазору 464 нафар низ ҳамчунон дар зиндон ҳастанд.

Мусулмонони Рӯҳингиё, ки бо тасвиби қонуни ҳукумати Мянмар дар соли 1982 ҳуқуқи шаҳрвандии худро аз даст доданд ва ба ақаллияти мусалмонони бидуни шаҳрвандӣ дар Мянмар табдил ёфтанд, рӯзи 25 августи соли 2017 мавриди ҳамлаи артиши Мянмар қарор гирифтанд.

Артиши Мянмар ва тундравҳои буддоӣ бо баҳонаи бардурӯғ ҳамла ба посгоҳҳои марзии ин кишвар дар иёлати Ракхайн алайҳи мусулмонони Роҳингиё ба поккории қавмӣ шурӯъ карданд. Дар ин ҳамлаҳо қариб ба як миллион мусалмони Рокхайн ба Бангладеш паноҳ бурданд ва садҳо рустоҳои мусалмоннишин оташ зада шуданд. Созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар таъйид кард, ки бо нашри аксҳои моҳвораӣ садҳо рустоҳои мусалмоннишин тахриб шудаанд.

Бар асоси гузориши СММ шумори мусалмононе, ки пас аз августи соли 2017 аз зулму ситам дар Миянмар фирор крада ва ба Бангладеш паноҳ буданд, ба 936 ҳазору 733 нафар расидааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад