Дархости беш аз 20 донишҷӯйи тоҷик дар Қирғизистон барои бозгашт ба ватан

Беш аз 20 донишҷӯйи тоҷик ба сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон муроҷиат карда, хостори баргаштан ва идомаи таҳсилашон дар Тоҷикистон шудаанд.

Беш аз 20 донишҷӯйи тоҷик ба сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон муроҷиат карда, хостори баргаштан ва идомаи таҳсилашон дар Тоҷикистон шудаанд. Онҳо мегӯянд, таҳсилашон фосилавӣ шудааст ва мехоҳанд то беҳтар гардидани вазъ дар Тоҷикистон монанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон бо тасдиқи ин хабар ба “Азия-Плюс” гуфтааст, онҳо рӯйхати донишҷӯён ва шаҳрвандоне, ки мехоҳанд ба Тоҷикистон баргарданд, омода карда истодаанд ва хоҳишмандон метавонанд, ба онҳо муроҷиат кунанд.

Барӯйхатгирии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд ба ватанашон баргарданд, аз сӯи сафорат дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо пахши изҳорот оид ба афзоиши мавридҳои таъқибу табъизи шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷикҳои муқими Қирғизистон дар шаҳрҳои гуногуни Қирғизистон нигаронӣ кард ва гуфт, мақомоти Қирғизистон мехоҳанд беш аз 500 донишҷӯ аз Тоҷикистонро, ки дар мактабҳои олии вилояти Ош таҳсил мекунанд, ихроҷ кунанд.

Ин дар ҳолест, ки дар пайи маноқишаи марзӣ байни ду кишвар дар рӯзҳои 14-18-уми сентябр муассисаҳои олии ин кишвар донишҷуёни тоҷикро рухсат дода, ба онҳо гуфтанд, ки дар кӯча ва ҷойҳои ҷамъиятӣ кам гаштугузор кунанд.

Як донишҷӯи тоҷик, ки дар Донишгоҳи Оши Қирғизистон таҳсил мекунад, бе зикри ном ба “Азия-Плюс” гуфт, баъди муноқишаи марзии охир роҳбарияти донишгоҳ онҳоро ба таътил гусел карда, гуфтанд, минбаъд дарсҳо тариқи фосилавӣ мегузарад.

Вай афзуд, мехоҳад, таҳсилашро дар Тоҷикистон идома диҳад, чунки дар пайи муноқишаи охири марзӣ эҳсоси хатар мекунад. Ӯ изҳори нигаронӣ кард: “пеш аз муноқишаи марзии охир муносибати ҳамкурсону дустонам хуб буд. Вале дар чанд рӯзи охир вазъ тағйир ёфт. Бархеҳо  дар кӯча агар фаҳманд, ки тоҷикем дашном медиҳанд”.

Ӯ афзуд, дар Қирғизистон боқӣ мондан бефоида аст, чун дарси фосилавиро аз ватан ҳам метавон хонд.

Вай гуфт: “Бештари донишҷӯён фосилавӣ дарс мехонанд ва намехоҳанд ба ватан баргарданд. Вале ба фикри ман таҳсил ба таври фолиславӣ манфиатнок нест, бисёр чизҳоро намеомӯзем, муаллимон ҳам он қадар аҳамият намедиҳанд. Агар ба курси худам ба донишгоҳи тиббӣ интиқол ёбам, дар Тоҷикистон таҳсиламро идома медиҳам. Вале агар ба курси худам интиқол наёбам, то ором шудани вазъ ва оғози дарси ҳузурӣ мехоҳам дар Тоҷикистон бошам”.

Бархе аз донишҷуёни дигари тоҷик гуфтанд, аллакай хобгоҳро тарк карда, дар манзилҳои иҷора зиндагӣ доранд.

Б. Р. як донишҷӯйи дигари тоҷик, ки дар шаҳри Ош дар курси охир таҳсил мекунад, дар суҳбат бо мо гуфт, то анҷоми таҳсили фосилавӣ мехоҳад, дар Тоҷикистон истода таҳсилашро онлайнӣ давом диҳад, вале ба донишгоҳҳои Тоҷикистон интиқол ёфтанӣ нест.

Ӯ мегӯяд, дар пайи муноқишаҳои марзӣ ягон таъқибу фишор ва ё муносибати бадро аз сӯи қирғизҳо эҳсос накардааст.

Вай гуфт: “Ҳоло ҳамаи дарсҳои мо онлайнӣ аст. Мехоҳем ҳамин дарсҳоро дар Тоҷикистон истода хонем. Агар дарсҳо дубора тариқи офлайн гузаранд, боз омада таҳсилро дар ҳамин ҷой давом медиҳем. Мақсади мо интиқол ёфтан нест”.

Ӯ афзуд, дар баробари ин, агар ба яке аз донишгоҳҳои Тоҷикистон ҳам интиқол ёбад, мехоҳад, ки дар ҳамон курсе, ки дар Қирғизистон мехонад, дар Тоҷикистон идома диҳад.

Б.Р донишҷӯйи тоҷик гуфт: “вале агар гӯянд, зимни интиқол як курс поён мехонем, ба мо зарар мешавад. Чунки як сол қафо мемонем ва ин сарфи маблағу вақти зиёдатӣ аст”.

Ӯ зикр кард, ҳоло дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунад ва муносибати ҳамсояҳову дӯстонаш бо ӯ хуб аст.

Вай гуфт: “Ҳоло, ки дарсҳо пурра онлайн аст, мо он қадар берун ҳам намебароем. Танҳо барои харидории маҳсулот бароем хуб, агар не то бегоҳ ба таври онлайнӣ дарс мехонем”.

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, дар баробари эҳтимоли ихроҷи донишҷӯёни тоҷик ҳамчунин, фишору таъқиб, табъиз ва пулситонӣ аз тоҷикони муқими Қирғизистон низ ҷой дорад.

Ин ниҳод гуфтааст, таъқибу таъбизи шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷиктаборони Қирғизистон натиҷаи мустақими маъракаи дар он кишвар авҷгирифтаи аз Тоҷикистон сохтани симои душман аст ва мақомоти Қирғизистон бояд ба ин табъиз хотима бахшанд ва бар асоси қонунҳои байналмилалӣ амнияти дипломатҳои Тоҷикистонро таъмин намоянд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад