Ҳизби коммунистии Тоҷикистон иқдомоти ИМА-ро маҳкум кард

Ҳизби коммунистии Тоҷикистон аз воқеае, ки тамоми ҷаҳон муҳокима мекунад — сафари Нэнсӣ Пелосӣ ба Тайван дар канор намонда, мавқеи худро баён карданд.

Ҳизби коммунистии Тоҷикистон аз воқеае, ки тамоми ҷаҳон муҳокима мекунад — сафари Нэнсӣ Пелосӣ ба Тайван дар канор намонда, мавқеи худро баён карданд.

Ин ҳизби аз Иёлоти Муттаҳида даъват кард, ки аз амалҳое, ки амнияти байналмилалиро халалдор мекунанд, худдорӣ кунад, хабар медиҳад хабаргузории “Авесто”.

Ин ҳизб пас аз сафари раиси палатаи намояндагони Конгресси ИМА Нэнсӣ Пелосӣ ба Тайван чунин изҳорот дод ва гуфт, ки “қатъиян зидди ин сафар” аст.

Дар изҳороти ин ҳизб омадааст :

“Мо сафари ӯро ҳамчун як иғвои рӯшан дар рӯҳияи хатти таҷовузкоронаи ИМА оид ба боздоштани ҳамаҷонибаи Чин мешуморем”.

Сиёсатмадорони тоҷик бар инанд, ки муносиботи миёни Чину Тайван – ин ба сиёсати доъилии Чин дахл дорад.

Ҳизби комунистии Тоҷикистон аз Вашингтон даъват кард, ки воқеияти нави геополитикиро эътироф кунад, ки дар он дигар барои гегемонияи Амрико ҷой нест.

Коммунистони Точикистон таъкид карданд, ки Чин ҳақ дорад, дар масъалаи Тайван барои ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии худ чораҳои заруриро бинад.

Қайд карда мешавад, ки Ҳизби комунистии Тоҷикистон мавқеи Ҳизби комунистии Чинро доимо тарафдорӣ мекунад.

Дар изҳороти расмӣ гуфта мешавад :

“Мо бар ин боварем, ки танҳо як Чин вуҷуд дорад, ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ягона ҳукумати қонунист, ки тамоми Чинро намояндагӣ мекунад ва Тайван як қисми ҷудонашавандаи Чин аст”.

Ҳамчунин дар хабарҳо омада буд :

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон бо нашри баёнияе эълом кард, ки сиёсати кишвар дар мавриди «Тайван» бидуни тағйир боқӣ мемонад ва кишвар мутааҳҳид ба сиёсати «Чини воҳид» мебошад.

Ниҳоди дипломатики Тоҷикистон бо нашри баёнияе мавқеи расмии кишвар дар робита ба «Тайван»-ро эълом кард. Дар ин баёния омадааст: «Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон таҳаввулоти минтақаро бо диққат думбол мекунад.»

Тоҷикистон аз тамомияти арзии Чин мутобиқ бо ҳинҷорҳо ва усули шинохташудаи ҷаҳонии ҳуқуқи байналмилал ҳимоят мекунад.

Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди Тайван бидуни тағйир боқӣ мемонад, мо ба сиёсати «Чини воҳид» мутааҳҳид ҳастем ва мавқеи ин кишвар дар тамомии асноди расмии асосии Тоҷикистон – Чин зикр шудааст ва давлати Ҷумҳурии Халқи Чинро, ки намояндаи тамоми Чин аст ба унвони танҳо давлати қонунӣ мешиносем.

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад