Эҷоди ихтилоф байни Русия ва кишварҳои ҳамсуд маҳол аст

Раиси ҷумҳури собиқи Русия, ҳак шудани сафҳаи худ дар шабакаи иҷтимоиро ҷанги иттилоотӣ хонд ва гуфт: душманони мо барои эҷоди ихтилоф байни "Маскав" ва кишварҳои ҳамсуд муваффақ нахоҳанд шуд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Дмитрий Медведев”, раиси ҷумҳури собиқи Русия, ки муовинати шӯрои амнияти ин кишварро бар ӯҳда дорад дар мавриди ҳак шудани сафҳаи худ дар шабакаи иҷтимоӣ изҳори назар кард.

Вай гуфт: ин аввалин бор нест, ки чунин ҳакҳое иттифоқ меафтад ва ҳеҷ кас аз дасти онҳо дар амон нест. Замони нахуст вазирӣ низ маҷбӯр будам бо ҳамалоти мушобеҳ дасту панҷа нарм кунам. Ин таҷаллии ҳамон ҷанги иттилоотӣ аст, ки алон дар мавридаш сӯҳбат кардем.

Бинобар суханони Дмитрий Медведев, ин маврид таҳти баррасии мудирияти шабакаи иҷтимоӣ ва сервисҳои зисалоҳ қарор дорад ва омилони он бидуни муҷозот нахоҳанд монд.

Раиси ҷумҳури собиқи Русия, ҳадаф аз интишори чунин иттилооти ҷаълиро нишон додани ин мавзӯъ, ки гӯё русҳо дар асл ба сурати пинҳонӣ «тарҳҳои таҳоҷумӣ» доранд.

Вай гуфт: ин дар ҳоле аст, ки чунин рафторе бо усули ахлоқии мо мутобиқат надорад. Мо бо дӯстонамон ба сурати мустақим, сареҳ ва бидуни ибҳом сӯҳбат мекунем ва неруҳои мутахосим барои эҷоди низоъ байни мо муваффақ нахоҳанд шуд.

Вай изофа кард: мо натанҳо дар баёнияҳои расмӣ, балки дар амал, дар ҳалли масоили рӯзмарра, ки бар манофеъи кишварҳо ва миллат ҳоямон таъсир мегузоранд, муттаҳид ҳастем ва дар оянда низ чунин боқи хоҳем монд.

Дар таърихи 2 август дар сафҳаи “Дмитрий Медведев”, раиси ҷумҳури собиқи Русия дар шабакаи иҷтимоӣ вай паёме мунташир шуд, ки дар он омада буд: марзҳои Русия “дар ҷое хатм намешванд” ва фурӯпошии иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ “иштибоҳи муҳлик” хонда шуда буд.

Дар ин паём омада буд, ки ин кишвар барои бозгардонди марзҳои худ ба корзор хоҳад рафт. Ҳамчунин дар мавриди барномаҳое барои илҳоқи Гурҷистон матолибе навишта шуда буд. Аз Қазоқистон дар ин паём ба унвони «кишвари сунъӣ» ёд шуда буд.

Дар ин паём, ки баъд аз як муддати кӯтоҳе ҳазф шуд ҳамчунин гуфта мешуд, ки ҳамаи мардуми иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравии собиқ «дубора бо ҳам зиндагӣ хоҳанд кард».

Пас аз ин иттифоқ “Алег Асепов”, дастёри раиси шӯрои амнияти Русия аз ҳак шудани сафҳаи “Дмитрий Медведев” раиси ҷумҳури собиқи Русия дар шабакаи иҷтимоӣ хабар дод.

Вай бо эъломи ин матлаб гуфт: инки чӣ касе дирӯз сафҳаи раиси шӯрои амният ва раиси ҷумҳури собиқи Русияро ҳак карда ва паёми дигаре бо номи вай мунташир карда аз сӯи мудирияти ин шабакаи иҷтимоӣ ва соири афроди зирабт расидагӣ мешавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад