Тоҷикистон: Пойбанд ба сиёсати “Чини воҳид” ҳастем

 ВКХ-и Тоҷикистон дар баёнияе эълом кард, ки сиёсати кишвар дар бораи«Тайван» бидуни тағйир мемонад ва пойбанд ба сиёсати "Чини воҳид" ҳастем.

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон бо нашри баёнияе эълом кард, ки сиёсати кишвар дар мавриди «Тайван» бидуни тағйир боқӣ мемонад ва кишвар мутааҳҳид ба сиёсати «Чини воҳид» мебошад.

Ниҳоди дипломатики Тоҷикистон бо нашри баёнияе мавқеи расмии кишвар дар робита ба «Тайван»-ро эълом кард. Дар ин баёния омадааст: «Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон таҳаввулоти минтақаро бо диққат думбол мекунад.»

Тоҷикистон аз тамомияти арзии Чин мутобиқ бо ҳинҷорҳо ва усули шинохташудаи ҷаҳонии ҳуқуқи байналмилал ҳимоят мекунад.

Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди Тайван бидуни тағйир боқӣ мемонад, мо ба сиёсати «Чини воҳид» мутааҳҳид ҳастем ва мавқеи ин кишвар дар тамомии асноди расмии асосии Тоҷикистон – Чин зикр шудааст ва давлати Ҷумҳурии Халқи Чинро, ки намояндаи тамоми Чин аст ба унвони танҳо давлати қонунӣ мешиносем.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад