Имзои санадҳои ҳамкорӣ байни Гурҷистон ва Туркманистон то соли 2024

 Вазирони умури хориҷаи Туркманистон ва Гурҷистон бо якдигар дидор ва барнома ҳамкорӣ барои солҳои 2023-2024-ро имзо карданд.

Вазирони умури хориҷаи Туркманистон ва Гурҷистон бо якдигар дидор ва барнома ҳамкорӣ барои солҳои 2023-2024-ро имзо карданд.

Дар сафари Ирокли Горибошвили, нахуствазири Гурҷистон ба Ишқобод бо Рашид Мередов, вазири умури хориҷаи Туркманистон дидор ва дар мавриди равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ, ҳамлу нақл, энергӣ, лоҷестик ва гардишгарӣ гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор барномаи ҳамкорӣ байни ду вазоратхона барои солҳои 2023-2024 ба имзо расид, ки сабаби тақвияти бештари ҳамкориҳои дуҷониба дар сиёсати хориҷӣ, густариши равобити иқтисодӣ, беҳбуд ва тавсеаи ҳамкориҳои ҳуқуқӣ ва байналмилалӣ хоҳад шуд.

Тарафайн ба вижа ба ҳамкорӣ дар чорчуб коридорҳои ҳамлу нақл ва транзити минтақаӣ ва фурсатҳои ҷадид дар ин арса ишора карданд.

Ҳамчунин дар паёме Солума Зуробишуили, раисҷумҳури Гурҷистон ба Сардор Бердимуҳаммадов ҳамтои туркмани худ сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатик байни ду кишварро табрик гуфт.

Зуробишвили таъки кард: равобити Гурҷистон ва Туркманистон бар пояи суннатҳои мутақобил ва мушорикати созанда аст, ки албатта ба тақвияти бештар равобит дар заминаҳои мухталифи муҳим кумак мекунад. Умед дорам, ки гомҳои муҳиме барои тақвият ва таъмиқи равобити дӯстона байни кишварҳоямон бардорем.

Таъкид мешавад, ки равобити дипломатик байни Туркманистон ва Гурҷистон дар 16 июл 1992 барқарор шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад