Боздошти 261 муттаҳам ба иқдомоти террористӣ дар Тоҷикистон

 Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти 261 нафар муттаҳам ба иқдомоти террористӣ ва хунсосозии иқдомоти 14 гурӯҳи ҷиноӣ дар нимаи аввали соли 2022 хабар дод.

Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти 261 нафар муттаҳам ба иқдомоти террористӣ ва хунсосозии иқдомоти 14 гурӯҳи ҷиноӣ дар нимаи аввали соли 2022 хабар дод.

Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти 261 нафар муттаҳам ба иқдомоти террористӣ ва муқобила бо 14 гурӯҳи ҷиноии созмонёфта бо таркиби ҳудуди 100 нафар дар нимаи аввали сол 2022 хабар дод.

Бинобар эъломи ин вазорат, дар 6 моҳаи аввали соли ҷорӣ 12.4 ҳазор маврид ҷиноят ба сабт расидааст.

Аз 3 ҳазор нафар шаҳрванди таҳти таъқиб дар ин кишвар, 44 нафар бозгардонда шуданд, ки 41 нафар аз онҳо дар Русия ба сар мебурданд.

Бинобар иттилои Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, аз ибтидои соли ҷорӣ токунун 22 мавриди қатл ва иқдом ба қатл, 64 мавриди масдумияти шадиди бадании амдӣ, 16 маврид таҷовузи ҷинсӣ, 8 мавриди қочоқи инсон, 65 мавриди сирқат ва дигар ҷурмҳо ба сабт расидааст.

Ҳамчунин гуфтанӣ аст, ки тайи ин муддат тавассути неруи Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон як тонна маводи мухаддир кашфу забт шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад