Ҳамкории Қазоқистон ва Тоҷикистон дар арсаи иртибототи фазоӣ

 Қазоқистон ва Тоҷикистон дар мавриди ироаи хадамоти иртиботи фазоӣ тавофуқнома имзо карданд.

Қазоқистон ва Тоҷикистон дар мавриди ироаи хадамоти иртиботи фазоӣ тавофуқнома имзо карданд.

Маркази иртиботи фазоии Вазорати тавсеаи диҷитол, навоварӣ ва санъати ҳавофзои Қазоқистон ва ширкат Асотили Тоҷикистон дар мавриди истифода аз зарфияти дастгоҳи фазоӣ (моҳвораи иртиботӣ) Kazsat-3 тавофуқнома имзо карданд.

Бар асоси ин санад, аз тариқи ин моҳвораи иртиботӣ барои манотиқи саъбулубури Тоҷикистон каналҳои иртиботӣ созмондеҳӣ хоҳад шуд.

Ширкати оператори Асотил дорои маркази талапорт ва истгоҳи контроли шабакаи мухобиротӣ дар шаҳри Душанбе буда ва имкони дастрасӣ ба интернетро барои органҳои давлатӣ ва ширкатҳои хусусии Тоҷикистон фароҳам мекунад.

Моҳвораи иртиботии ёдшудаи Қазоқистон ба таври комил ниёзҳои ин кишвар ба хадамоти иртиботиро бароварда карда ва ҳамчунин ба Қирғизистон маҳсулоти иртиботи фазоӣ содир мекунад.

Бо имзои тавофуқнома ҳамкориҳо байни ширкатҳои иртиботии Қазоқистон ва Тоҷикистон, фурсатҳои ҷадид барои таомулоти фаъол дар ин заминаи муҳим фароҳам хоҳад шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад