Зани мусалмон мошини таҳқиркунандаи Қуръонро чаппа кард+Видео

Як зани мусалмон дар Норвегия пас аз онки роҳбари як гуруҳи зидди мусалмонон иқдом ба оташ задани нусхае аз Қуръони Карим кард ӯро дунбол карда мошинашро чаппа кард.

Ларс Торнсен, роҳбари гуруҳи “Исломӣ шудани Норвегияро мутаваққиф кунед” чанд рӯз пеш дар иқдоми таҳрикомези худ дар минтақаи мусалмоннишин нусхае аз Қуръони Каримро оташ зад.

Ин иқдоми таҳрикомез хашми мусалмононро дар пай дошта ва теъдоде аз онҳо барои хомӯш кардани оташ талош карданд ва теъдоде ҳам нисбат ба ин иқдом эътироз карданд.

Торнсен пас аз ин иқдоми худ аз маҳалли ҳодиса фирор карда як зани мусалмон бо дунбол кардани вай мошини ӯро чаппа кард.

Пулиси Норвегия бетаваҷҷӯҳ ба иқдоми таҳқиромези Торнсен, иқдом ба боздошти ин зани мусалмон кард.

Дар моҳҳои охир беҳурматӣ ба Қуръон ва озори мусалмонон дар кишварҳои аврупоӣ ба шиддат афзоиш ёфтааст ин дар ҳоле аст, ки пулиси ин кишварҳо ба ин беҳурматиҳо таваҷҷӯҳе намекунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад