Баста шудани сафоратхонаи режими саҳюнистӣ дар Эритрея

Нахуствазири режими саҳюинстӣ, сафоратхонаи ин режим дар Эритреяро ба далели мухолифати мақомоти ин кишвар бо ҳузури сафири саҳюнист дар Исмара таътил кард.

Нахуствазири режими саҳюинстӣ, сафоратхонаи ин режимро дар Эритрея ба далели мухолифати мақомоти ин кишвар бо ҳузури сафири саҳюнист дар Исмара таътил кард.

Ёир Лопед, нахуствазири муваққати режими саҳюнистӣ баста шудани сафорати ин режим дар Эритреяро тасвиб кард. Ба гузориши расонаҳои саҳюнистӣ, ин иқдом ба думболи коршикании давлати маҳаллӣ дар Исмара, пойтахти Эритрея барои ҳузури сафири Исроил дар ин кишвар тайи ду соли гузашта токунун анҷом шудааст.

Эритрея аз соли 2020 бо вуҷуди инки бо интисоби сафири ҷадиди режими саҳюнистӣ дар ин кишвар мувофиқат карда буд, аз вуруди ин сафир ба Исмара ва шурӯъ ба кори вай худдорӣ кард.

Як араби фаластинии дорои шаҳрвандии режими саҳюнистӣ бо номи Исмоил Холидӣ ба унвони сафири ин режим дар Исмара муаррифӣ шуда буд.

Сафорати режими саҳюнистӣ тайи чаҳори соли ахир тавассути сарпарастҳои муваққат идора мешуд ва охирин сафири режими саҳюнистӣ, октябри 2018, Исмараро тарк кард.

Нигаронии режими саҳюнистӣ тайи ду соли гузашта аз адами мувофиқат бо сафираш дар Исмара буд, ки Эритрея манофеи амниятии бисёре барои Исроил дар минтақаи шохи Африқо дорад ва макони роҳбурдӣ аст, ки Телавив дар он пойгоҳҳои иттилоотии дарёӣ ва зердарёӣ дорад; аммо Эритрея ба таври мураттаб дар Созмони Милал ва маҳфилҳои байналмилалии дигар алайҳи режими саҳюнистӣ раъй медиҳад ва яке аз сарсахттарин мухолифон барои бозгашти Исроил ба унвони нозир дар Иттиҳоди Африқо аст.

Гумоназаниҳое вуҷуд дорад, ки мардуми Эритрея, Телавивро муттаҳам ба кумак кардан ба ҷабҳаи мардумӣ барои озодсозии Тигрой мекунанд, ки бо Обе Аҳмад, нахуствазири Этиопия дар ҳоли ҷанг аст.

Ҳамчунин ақидаи исроилии дигаре вуҷуд дорад, ки эритреяиҳо Телавив ва Вашингтонро дар як тараф қарор додаанд ва ҳеҷ сафире дар ин кишвар аз 12 соли пеш надоштааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад