Таҳлилгари саҳюнист: қудрати ҳавоии Ҳизбуллоҳ бисёр пешрафт кардааст

Як таҳлилгари саҳюнист бо ишора ба ирсоли паҳподҳои муқовимати Лубнон ба минтақаи мавриди низоъи дарёӣ эълом кард: “тавонмандиҳои ҳавоии Ҳизбуллоҳи Лубнон иртиқо ёфтааст ва Насруллоҳ қудрати бозӣ додани моро дорад.”

Як таҳлилгари саҳюнист бо ишора ба ирсоли паҳподҳои муқовимати Лубнон ба минтақаи мавриди низоъи дарёӣ эълом кард: тавонмандиҳои ҳавоии Ҳизбуллоҳ иртиқо ёфтааст ва Насруллоҳ қудрати бозӣ додани моро дорад.

 Тасфи Яҳзқили, таҳлилгари умури арабӣ дар канали 13 телевизиони режими саҳюнистӣ пешбинӣ кард, ки марҳилаи баъдӣ шоҳиди ҷанги ҳавоӣ байни Исроил ва Ҳизбуллоҳ бошад.

 Яҳзқили иддао кард ончиро дар ҳоли рӯй додан аст, метавон оғози ҷанги ҳавоӣ байни Исроил ва Ҳизбуллоҳ номид.

 Вай дар идома афзуд: мо ва Насруллоҳ дар чанд майдон даргир ҳастем ва ҳафта гузашта, майдони ҳавоӣ низ вориди хат шуд. Исроил бояд ба он таваҷҷуҳ кунад, зеро дар ояндаи наздик, моро машғули хоҳад кард ва ин майдон, оташи зиёдеро ҷазб мекунад.

 Ин таҳлилгари саҳюнист эълом кард: тавонмандиҳои ҳавоии Ҳизбуллоҳ беҳтар шудааст ва адами посухи Исроил, Насруллоҳро ташвеқ мекунад паҳподҳои бештаре бифиристад ва ин нишондиҳандаи тавоноии Насруллоҳ дар бозӣ додани мо аст.

 Муқовимати исломии Лубнон ахиран хабар дод, ки 3 паҳподи худро ба тарафи минтақаи мавриди муноқиша дар марзи дарёии Лубнон ва Фаластини ишғолӣ ба парвоз даровардааст ва таъкид кард, ки ин паҳподҳо барои анҷоми маъмурияти шиносоӣ рафта буданд ва ин маъмуриятро ба дурустӣ анҷом дода, паёмҳои лозимро ҳам расонданд.

 Ин дар ҳолеаст, ки ахиран як расонаи исроилӣ фош кард, таҳқиқоти артиши Исроил нишон медиҳад раванди раҳгирии паҳподҳои Ҳизбуллоҳ, ки ба сӯи маҳалли газии Кориш дар ҳаракат буданд бо шикаст мувоҷеҳ шудааст.

 Ахиран низ рӯзномаи лубнонии алхбор, фош кард, ки амалиёти паҳподӣ дар майдони Кориш аввалин амалиёт набуд, балки як амалиёти дигар низ пеш аз он дар рӯзи чаҳоршанбе анҷом шуда буд.

Пас аз нашри ин хабар, артиши режими саҳюнистӣ эътироф кард, ки амалиёти шанбеи гузашта, дувумин амалиёти паҳподии Ҳизбуллоҳ будааст, аммо артиши ин режим, чаҳоршанбеи гузашта, як паҳподи Њизбуллоҳро раҳгирӣ ва амалиёти мазкурро беасар кардааст.

 Ширкати энержин ахиран киштии ҳаффории худро ба сӯи хатти марзии мавриди муноқишаи 29 Лубнон барои ҳаффорӣ аз майдони газии Кориш гусел доштааст. Телавив муддаӣ аст, ки майдони газии Кориш, дар обҳои мавриди муноқиша нест, балки дар минтақаи иқтисодии инҳисории режими саҳюнистӣ воқеъ шудааст. Пеш аз ин низ, киштии ҳаффории вобаста ба ширкати энержин вориди минтақаи мавриди муноқишаи мазкур шуда буд, ки бо вокуниш ва маҳкумияти густарда аз сӯи масъулони дубнонӣ ҳамроҳ шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад