Афзоиши дубораи нархи сӯхти дизелӣ дар Тоҷикистон

Қимат шудани сӯхт ба далели афзоиши тақозо ва афзоиши нархи он дар кишварҳои содиркунанда аст. Нархи сӯхти дизелӣ дар нуқтаҳои фуруши бензин дар пойтахти Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта 7 дарсад афзоиш ёфта аст ва ҳар летр аз 12 сомонӣ ба 12.8 сомонӣ расид.

Дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон низ нархи ин навъ сӯхт ба ҳамин андоза афзоиш ёфт.

Як летр гозил дар вилояти Суғд 13.4 сомонӣ ва чанд рӯзи пеш ба нархи 12.4 сомонӣ фурухта мешуд.

Нархи хариди гозоил дар вилояти Хатлон 13 то 14 сомонӣ аст, ки нисбат ба ҳафтаи гузашта 0.8 то 1 сомонӣ афзоиш дошта аст.

Бар асоси оморҳои расмии нархи хариду фуруши сӯхти гозоил дар Тоҷикистон 8.4 дарсад афзоиш ёфт.

Ин дар ҳоле аст, ки нархи дигар сӯхтҳо дар чанд вақти ахир тақрибан бетағир монда аст.

Тоҷикистон аз январ то майи соли ҷорӣ ҳудуди 290000 тонна фаровардаҳои нефтӣ ба арзиши 230 миллион доллар ворид карда аст.

Мизони воридот бар асоси вазн 39 дарсад аз назари арзиши 2 баробар афзоиш ёфта аст.

Тоҷикистон ҳудуди 90 дарсад фаровардаҳои нефтиро аз Русия ва 90 дарсад гази табии мояъро аз Қазоқистон ворид мекунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад